Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA 21 зина боло шуд


FIFA - Федеросиюни байнулмилалии футбол рейтинги нави тимҳои мунтахаби миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард.

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинги моҳи ноябр бо 205 имтиёз 21 зина болотар - ба ҷойгоҳи 119-ум баромад. Дастаи Тоҷикистон миёни тимҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Қазоқистон 16 зина, аз Қирғизистон 23 зина ва аз Туркманистон 29 зина болотар, вале нисбат ба Узбакистон 74 зина поинтар ҷойгир шудааст. Тоҷикистон байни 45 кишвари қораи Осиё мақоми 20-умро касб кардааст.

Ирон, ки беҳтарин тими миллии қораи Осиё маҳсуб мешавад, бо 716 имтиёз ду зина болотар - ба ҷойгоҳи 38-ум баромадааст.Тими миллии Австралия, ки дар Осиё дуввум шуд, бо 703 имтиёз ду зина поинтар - ба мақоми 39-ум фуромадааст. Мунтахаби Узбакистон, ки дар Осиё севвум аст, дар рейтинги нави FIFA бо 645 имтиёз 14 зина болотар - ба ҷойгоҳи 45-ум баромадааст.

Тими миллии Бразилия бо 1588 имтиёз мисли пешин миёни 206 кишвари ҷаҳон дар мақоми нахуст аст. Италия бо 1560 имтиёз дар мақоми дуввум, Аргентина бо 1551 имтиёз дар мақоми севвум, Фаронса бо 1523 имтиёз дар мақоми чаҳорум, Инглистон бо 1359 имтиёз дар мақоми панҷум қарор гирифтаанд. Ҳамчунин миёни даҳ тими беҳтарини дунё Олмон (1348 имтиёз), Ҳолланд (1305), Португалия (1258), Нигерия (1242) ва Ҷумҳурии Чех (1190) ҷойгир шудаанд.

Ҷойгоҳи дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар рейтинги нави FIFA чунин аст: 13. Укроина (1054 имтиёз). 23. Русия (858). 45. Узбакистон (645). 70. Литва (453). 71. Беларус (445). 85. Молдова (382). 89. Латвия (359). 95. Гурҷистон (327). 105. Эстония (268). 119. ТОҶИКИСТОН (205). 123. Озарбойҷон (197). 124. Арманистон (196). 135. Қазоқистон (158). 142. Қирғизистон (138). 151. Туркманистон (108).
XS
SM
MD
LG