Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз дугоникҳои баҳамчаспидаи узбак ҳалок шудааст


Бахши узбакии радиои Озодӣ гузориш медиҳад, ки дар Тошканд яке аз дугоникҳои баҳамчаспида, ки рӯзи 11 ноябр аз ҳам дар натиҷаи як амалиёт ҷудо карда шуданд, ба ҳалокат расидааст.


Дар ин бора, бибии Ҳасану Ҳусайн Комилҷоновҳо, ки умри чаҳормоҳаро бо як ҷигари муштарак паси сар карданд, хабар дод. Модаркалони дугоникҳо гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи якшанбе (19 ноябр) рух дод ва тифли ҷавонмарг аллакай ба хок супурда шудааст.


Дар амалиёти ҷудосозии ҷисми дугоникҳо, ки 16 соат тӯл кашид, ҷарроҳони узбакистониву русӣ муштаракан иштирок кардаанд. Ин аввалин амалиёти ҷудосозии баданҳои ба ҳамчаспидаи инсонӣ буд, ки дар Узбакистон анҷом шуд. Рӯзи шанбе (18 ноябр), зимни эълони ин хабар вазири беҳдошти Узбакистон Фирӯз Носиров аз ин ҷарроҳӣ чун як муваффақияти табибони узбак ёд кард.
XS
SM
MD
LG