Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳанги Афғонистон барои як ҳафта ба Душанбе меояд


СД

Шурӯъ аз нимаи дуввуми ҳафтаи ҷорӣ то охири моҳ дар Душанбе ҳафтаи фарҳангии давлати исломии Афғонистон ба кор шурӯъ мекунад.


Масъули баргузории ҳафтаи фарҳангии Афғонистон дар Тоҷикистон Бунёди фарҳанг ва ҷомеъаи мадании Афгонистон, сафорати ин кишвар дар Душанбе, Ситоди Ню Йоркии Бунёди Сорос дар ИМА ва созмони ғайридавлатии «Ҳафт пайкар»-и Тоҷикистон аст. Дар тӯли як ҳафта беш аз 30 муғаннии маъруфи афғонӣ бо шумули Маҳмуди Панҷаи тиллоӣ, Салимбахт, Ғуломҳусайни тамбурӣ, дуктур Аҳмади Шоми қаввол, Азизи Ғазнавӣ, Амон Юсуфи ҳазоравӣ меҳмони Тоҷикистон мешаванд.


Давлат Убайдуллоев, коргардони театри ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутии Душанбе мегӯяд, беҳтарин дастоварди фарҳанги кишвари ҳамзабон ба маърази тамошо гузоштани намоишномаи «Замин» -и коргардон Абдулқайюм Басити Султонист. Барои охирон бор, театри Кобул 30 сол муқаддам меҳмони Тоҷикистон будааст. Дар чаҳорчӯби баргузории рӯзҳои фарҳанг намоиши филмҳои афғонӣ низ дар назар аст. Сафар Ҳақдодов, раиси синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, дар тӯли 7 рӯз беҳтарин дастовардҳои синамогарони афғон ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Ҳамзамон, ифтитоҳи намоишгоҳи наққошони Афғонистон дар толори театри Лоҳутии Душанбе низ дар назар аст.
Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG