Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ради иддаъои ҷониби Узбакистон аз сӯи мақомоти марзбонии тоҷик


Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон дар вокуниш ба баёнияи Кумитаи сарҳадоти Ӯзбакистон гуфтааст қазияи ахири қатли як марзбони узбак дар миёни марзи ду кишвар ҳеҷ гуна ҷанбаи ҷиноӣ надорад.

Хушнуд Раҳматуллоев сухангӯи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт ин иддаъо,ки марзбонони тоҷик амдан ба сӯи марзбони узбак оташ кушодаанд,беасос аст ва гузашта аз он қазияи иттифоқ афтода иртиботе ба амали ҷиноӣ надорад.

Сухангӯи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон бо ибрози таассуф аз қазияи рух дода афзуд: «То кунун марзи муштараки ду кишвари ҳамсоя пурра аломатгузорӣ нашудааст ва гоҳ-гоҳ марзбонони узбак худсарона хатти марзро убур мекунанд ва вориди хоки Тоҷикистон мешаванд. Ин амал марзбонони тоҷикро водор месозад барои огоҳ намудан ва пешгирӣ аз убури ғайриқонунӣ чора ҷӯянд. Ва аммо инро на бояд ба ин маънӣ фаҳмид,ки марзбонони тоҷик алайҳи марзбонони узбак аз зӯр кор мегиранд»

Кумитаи марзбонии Ӯзбакистон дирӯз ( 20- ноябр) бо интишори як баёния марзбонони тоҷикро дар куштори амдии марзбони узбак муттаҳам карда буд.
XS
SM
MD
LG