Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозор Собир 68-сола мешавад


Бозор Собир: "Ҳеҷ гуна. Ҳамин мумкин аст, ки як ош бипазем ва бо бачаҳо бишинем, дигар ҳеҷ чиз. Як ошак мепазем, мешинем, як чойи кабуд дам мекунем, баъд чақ-чақ мекунем, дигар ҳеҷ."



Радиои Озодӣ: Аз он ки ба синни 68 расидед, эҳсосатон чӣ гуна аст?




Бозор Собир:
"Дигар он завқу шӯру исёни ҷавонӣ дигар ҳамааш билкулл сутурда шудааст. Ҳамаи эҳсоси ман ҳозир эҳсоси пирона, мӯйсафедона, эҳсоси дарвешона, масалан дар як кунҷ узлат шишта, бо андешаҳои гузашта, бо хотираҳои гузашта зиндагӣ кардан аст, аз ин бештар нест. Аслан ҳама эҳсос куллан ҳама эҳсос аз хотираҳо иборат аст."


Радиои Озодӣ: Умуман ҷашни рӯзи таввалудро дӯст медоред ё на?



Бозор Собир: "Ман ҳеҷ гоҳ рӯзи таввалудамро ҷашн нагирифтам. Ҳеҷ гоҳ. Ҳеҷ гоҳ ҷашн нагирифтам ва ин ид барои ман аслан ҳеҷ аҳамият надорад."


Радиои Озодӣ: Чаро?

Бозор Собир: Моҳияташро намефаҳмам, чӣ моҳият дорад? Барои он ки ман моҳияти ин идро ҳеҷ намефаҳмам.

Радиои Озодӣ: Ё шояд аз он метарсед, ки як соли умратон камтар мешавад?


Бозор Собир: "Нее, ман фикр ҳам намекунам, дар ин бора ки умри ман мегузарад, намегузарад, ин ҳам барои ман ҳеҷ аҳамият надорад ва фикр ҳам намекунам ин чизро. Ҳамин ки 20 ноябр ҳар сол фаро мерасад, баъд мегӯянд, ки эй фалонӣ имрӯз рӯзи таввалуди ту аст, вагарна рӯзи таввалуд мавриди андешаи ман ҳеҷ гоҳ набуд ва нахоҳад будан."



Радиои Озодӣ: Аз он ки дар фасли пойиз ба дунё омадед, розӣ ҳастед ва ё мехостед, дар баҳор ба дунё биёед?


Бозор Собир: "Нее беҳтарин фасл аст:


Пойиз маро хотирарез аст ҳанӯз,
Ёди ту дар он миён азиз аст, ҳанӯз.
Ёди ту бувад, мисли ғизоле, ки ба санг,
Мондаст, вале дар гурез аст, ҳанӯз. "


Радиои Озодӣ: Аммо намехостед, дар баҳор ба дунё биёед?


Бозор Собир: "Дар баҳор ман намедонам. Аммо пойиз ин фасли шоирон аст. Аз қадимулайём ҳамаи шоирон сарояндаи пойиз буданд, сарояндаи тирамоҳ буданд. Масалан аз Пушкин сар карда, тамоми дигарон Байрон, Есенин, Бозор Собир (механдад) ва ҳамчунин Нодирпур, Сиёваши Касроӣ ҳама сарояндаи тирамоҳ буданд ва тирамоҳ дар адабиёт ҳамчун фасли шоирон номида мешавад. Ҳама гуфтаанд, ки тирамоҳ фасли шоирон аст."



Радиои Озодӣ: Агар як шунавандаи Радиои Озодӣ агар пурсад, ки устод дар рӯзи таввалуди хеш чӣ тӯҳфа мехост ва дар куҷо будан мехост, чӣ посух медодед?


Бозор Собир: "Ҳеҷ. Намедонам. Намедонам бахудо. Ҳеҷ тӯҳфа. Ман интизори ягон хел савғотам нестам ва намедонам, бачам. Ба ин суол ҳеҷ ҷавоб гуфта наметавонам. Вале тирамоҳ беҳтарин фасли сол аст.


Пойиз маро хотирарез аст ҳанӯз,
Ёди ту дар он миён азиз аст, ҳанӯз."
XS
SM
MD
LG