Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Ҳиндустон фанновариҳои осоиштаи ҳаставӣ мефурӯшад


Ҳиндустон бо эҳтиёт аз тасдиқи барномаи фурӯши технологияҳои осоиштаи ҳаставии ИМА ба Ҳиндустон пазироӣ намуд.


Вале Сенати ИМА шарт гузоштааст, ки дар муқобил Ҳиндустон бояд муассисаҳои ҳаставиашро барои тафтиши байналмилалӣ боз намояд. Ин санадро Маҷлиси Намояндагон: Палатаи поёнии Кунгураи ИМА моҳи июл ба тасвиб расонда буд. Аммо то ҳанӯз матни ниҳоии он имзо нашудааст.


Вазири умури хориҷии Ҳиндустон, Пранаб Мухирҷӣ мегӯяд, кишвараш мунтазири нашри матни ниҳоии ин ҳуҷҷат шуда, сипас онро арзёбӣ хоҳад кард.


Ҳиндустон хавф дошт, ки қонунгузорони амрикоӣ дар муқобили фурӯши фанновариҳои ҳаставӣ аз Деҳлии Нав қатъи ҳар гуна озмоишҳои ҳаставиро талаб мекунанд. Ҳиндустон, ки зери қарордоди адами тавсеаи силоҳи ҳаставӣ имзо нагузоштааст, якҷониба озмоишҳои ҳаставиро манъ кард. Вале Ҳиндустон мехоҳад, ҳаққи доир намудани чунин озмоишҳоро ҳифз намояд. Созишро бояд Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ ва 45 кишвари узви гурӯҳи таъминкунандаи муҳиммоти ҳаставӣ тасдиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG