Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро мухлисон аз Ҷексон нороҳат шуданд?


Дар Ҷашнвораи 18-уми мусиқии ҷаҳонӣ, ки ҳафтаи гузашта дар Бритониё натиҷагирӣ шуд, аксар тамошобинонро ҳунарнамоии ситораи поп Майкл Ҷексон бисёр нороҳат намудааст.

Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки ӯ барои албоми пурфурӯштарини худ барандаи имсолаи ҷоизаи алмосии ҷашнвора шуд. Аммо на ин ҳодиса, балки ваъдахилофиҳои Ҷексон тамошобинонро ноумед кардааст. Тавре масъулини ин маърака қабл аз баргузории консерт ваъда додаанд, Майкл Ҷексон бояд таронаи маъруфи Thriller-ро иҷро мекард, аммо дар ниҳоят ӯ бо иҷрои порае аз оҳанги We are the world иктифо кард ва саҳнаро тарк намуд.

Оҳанги Thriller-ро ниҳоятан овозхони амрикоӣ Крис Браун иҷро кард ва норизоияти шадиди тамошобинро ба бор овард. Дар пурсише, ки хабарнигорони бритониёй дар миёни тамошобинон баъди ҷашнвора анҷом доданд, аксарият гуфтаанд, ки мехоҳанд пули билетҳояшонро бозпас бигиранд.

Ҳар як тамошобин барои консерт ҳадди аққал 100 фунт стерлинг пардохт кардааст ва бахши аъзами нороҳатшудаҳо мегӯянд, ки ин маблағро маҳз барои шунидани таронаи Thriller-и Майкл Ҷексон пардохт карда буданд. Ин дар ҳолест, ки масъулини Ҷашнвораи 18-уми мусиқии ҷаҳонӣ мегӯянд, ба унвонии худ ҳеҷ шикояте дастрас накардаанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG