Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳим Рабимов - муддаъии ҷоизаи AFC


Иброҳим Рабимов, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода муддаъии ҷоизаи АФС - Конфедеросиюни футболи Осиё барои беҳтарин футболбози қора дар соли 2006 мебошад.

Ба қатори даҳ довталаб, ҳамчунин дунафарӣ аз Арабистони Саъудӣ ва Ироқ, якнафарӣ аз Фаластин, Қатар, Кувайт, Сингапур ва Имороти Муттаҳидаи Араб шомиланд. Ғолиб рӯзи 29 ноябр дар маросими супурдани мукофоти АФК дар пойтахти Иморот - шаҳри Абу-Даби эълом мешавад.

Як хабари дигар. Дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лигаи олӣ танҳо ду даста - «ХИМА»-и Душанбе ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ талош мекунанд.

Дар айни ҳол «ХИМА» бо 48 имтиёз аз 20 бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ, ки нисбат ба ҳарифи аслии худ ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 43 имтиёз дар мақоми дуввум мебошад. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ки дар 20 дидор 41 имтиёз ба даст овардааст, барои дар ҷойгоҳи севвум боқӣ мондан мубориза мебарад.

Ва хабари охирин. Тими мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар мусобиқоти пешакии гурӯҳии Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар рӯзи шанбеи 18 ноябр дар шаҳри Доҳа бо тими Урдун рақобат мекунад.

Карим Тошпӯлодов, сармураббии тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар мусобиқот аз рӯи барномаи 15-умин давраи Бозиҳои Осиёӣ, ки аз 1 то 15 декабри соли 2006 дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа баргузор мешавад, 30 дастаи мунтахаби олимпии футболи кишварҳои қора ширкат хоҳанд кард. Бар асоси қуръакашӣ дар мусобиқоти пешакӣ 8 дастае, ки дар бозиҳои пешин иштирок надоштанд, дар ду гурӯҳ рақобат мекунанд. Ба гурӯҳи «А» - Урдун, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Макао ва ба гурӯҳи «В» - Сингапур, Сурия, Индонезия ва Ироқ дохиланд. Ғолибони ҳарду гурӯҳ ба қисмати ниҳоӣ роҳ ёфта, ба қатори 22 дастае, ки ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд, ҳамроҳ мешаванд. Минҷумла ғолиби гурӯҳи «А» бо тимҳои олимпии Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Узбакистон бозӣ хоҳад кард.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG