Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод - 2007


Бар асоси қуръакашии понздаҳумин давраи мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми қаҳрамонҳои кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Балтик - 2007 қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2006 ба гурӯҳи «А» дохил шудааст.

Дар ин гурӯҳ, ҳамчунин қаҳрамони Русия, бошгоҳи футболи БАТЭ (Борисов) - қаҳрамони Белорус ва тими «Остона» (Остона) - қаҳрамони Қазоқистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Ба гурӯҳҳои дигар қаҳрамонҳои футболи кишварҳои зерин шомиланд:
гурӯҳи «В» : Озарбойҷон, Молдова, Эстония ва Қирғизистон.
гурӯҳи «С» : Украина, Латвия, Арманистон ва Узбакистон.
гурӯҳи «D» : Сербия, Туркманистон, Литва ва Гурҷистон.

Мусобиқоти мазкур аз 20 то 28 январи соли 2007 дар шаҳри Маскави Русия баргузор мешавад. Нахуст қаҳрамони Тоҷикистон рӯзи шанбеи 20 январ дар маҷмаъаи варзишии «Динамо» бо БАТЭ рақобат мекунад. Бозии дуввуми футболбозони тоҷик рӯзи якшанбеи 21 январ дар ин маҷмаъа бо тими «Остона» баргузор мешавад. Ва охирин дидори намояндаи Тоҷикистон дар марҳалаи муқаддамотӣ рӯзи сешанбеи 23 январ дар маҷмаъаи варзишии «Олимпийский»-и Маскав бо қаҳрамони Русия сурат мегирад.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ, ки рӯзи чоршанбеи 24 январ доир мешаванд, роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи ҷумъаи 26 январ барпо мегарданд. Барандаи Ҷоми қаҳрамонҳои кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Балтик - 2007 дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 28 январ дар маҷмаъаи варзишии «Олимпийский» баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG