Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё ҳукумати Тоҷикистон нав мешавад? Тахминҳо пешгӯиҳо ва тавсияҳо


Ҳафтаномаи «Миллат» ба шарҳи вазъи феълии ҳайати ҳукумати Тоҷикистон, пас аз интихоботи раёсати ҷумҳур пардохтааст, ки дар садади дигаргуншавӣ қарор дорад. Нашрия ин суолро матраҳ кардааст, ки мардуми кишвар аз раиси ҷумҳури оянда чиро интизоранд.

Муаллифи матлаб бар ин назар аст, ки дар таъсиси кобинаи нави раёсати ҷумҳурӣ омилҳое ҳастанд, ки дар сурати мавриди назар қарор гирифтан метавонад нуфузи ҳукуматро ба маротиб афзоиш диҳад. Ба навиштаи нашрия раёсати ҷумҳурӣ бояд шахсиятҳои аҳзоби сиёсиро ба ҳукумати ҷадиди худ ҷалб кунад ва аҳзоби мухолиф ва бетарафро ба шарику ҳамкор табдил диҳад.

Вале муаллиф ба ногузирии ислоҳоти идораи давлатӣ ишорат карда менависад бояд аз мудирияти сетабақавии кишвар, марказ, вилоят ва ноҳия даст кашид. Зеро феълан шароити мухобиротии ҷадид метавонад дар мавриди идораи муассири ҳукуматҳои манотиқ аз марказ мусоидат карда ва ҳамчунин аз хароҷоти барзиёди маблағҳои буҷет дар ин маврид ҷилавгирӣ шавад.

Нашрия ҳамчунин омили дигар ва аслии ҷорӣ гаштани низом дар ҳукумати оянда мубориза бо фасоди молиро унвон карда навиштааст: «То замоне дар шасти муборизаи зидди фасод чанд наҳанге наафтад, сайди моҳичаҳо (мисли муаллим, духтур, нозири роҳ ва ғайра)-ро мардум қабул нахоҳад дошт».


Дар ҳамин ҳол нашрияи «Азия плюс» мавзӯъи таъсиси ҳукумати нави Раҳмоновро аз нигоҳи коршиносон ва сиёсатмадорон матраҳ кардааст. Яке аз сиёсатмадорон навиштааст, ки дар ибтидо бояд сиёсати ислоҳоти ҳукумат дигаргуна карда шавад. Бе кор гирифтан аз ин сиёсати нав касеро барканор кардан аз мансаб ва ё нафареро ба мансаби дигар таъин кардан маънӣ надорад.

Аммо бархе дигар коршиносон ба ногузирии табодулоти тахассусӣ дар ҳайати ҳукумати кишвар ишорат мекунад. Вале қисмати дигар тағйироти ҷиддӣ дар ин мавридро интизор нестанд. Зеро ба ақидаи онҳо чунин ба назар мерасад, ки бештарини мансабдорон дар ҳукумати ҷадид тағийри курсӣ дар дигар мақомот мекунад.

Ҳамзамон «Азия плюс» дар матлабе зери унвони «Раҳмонов Русияро ба Амрико иваз намекунад» муносиботи феълӣ ва ояндаи хориҷии Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Ба навиштаи муаллиф далели аслии бастагӣ ва ё пойбандии Тоҷикистон дар назди Русия нирӯҳои Русия дар ин кишвар мебошанд, бахусус он замон, ки ҷониби Тоҷикистон дар мавриди хориҷ кардани нирӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистону Афғонистон истодагарӣ мекард, ин бастагӣ рӯшан эҳсос мешуд. Тоҷикистон бо ин мехоҳад таъсири Русияро дар рушди муносибот бо Амрико, Чин ва Ирон тавозун диҳад.


Вале нашрияи навиштааст, бо чанд сабабҳо ин хостаҳои Тоҷикистон мавриди амал қарор намегирад. Аммо муаллиф тахмин задааст, ки наздикшавии сиёсиву низомии Тоҷикистон бо Амрико дар равобити фарҳангии Тоҷикистону Ирон ва муносибати бе ин ҳам мушкилбор бо Ӯзбакистон вокуниши манфӣ ба бор хоҳад овард.


Ин дар ҳолест, ки ҳафтаномаи «Наҷот» нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон натиҷагирии ниҳоии нозирони байналмилалӣ аз интихоботи раёсати ҷумҳуриро ба нашр расонидааст. Ба навишатаи «Наҷот» нозирони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтаанд, ки дар интихоботи Президенти Тоҷикистон алтерантиваи боварибахш набуд. Вале дар ҷавоб ба ин ҳайати нозирони Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд суол додааст, ки оё нозирони Созмони Амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо муфаттиш буданд?


Ва дар зимн нашрияи «Тоҷикистон» аз баргузории маросими савгандёдкунии Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов, ки 18 ноябр баргузор хоҳад шуд, хабар додааст. Нашрия навиштааст, ки барои бори аввал дар таърихи тоҷикон Ливои Президенти Тоҷикистон ва нишони Президенти Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмонов тақдим хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG