Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози раванди муҳоҷират аз Кулоб ба ноҳияи Турсунзода


со

Cубҳи чаҳоршанбеи 15 ноябр 60 хонавода аз минтақаи Кулоби Тоҷикистон ба ноҳияи Турсунзодаи ҳаммарзи ин кишвар бо Узбакистон кӯч дода шуд. Гуфта мешавад ин иқдом бар асоси як тасмими Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Сумангул Тағоева муовини аввали вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар робита ба ин мавзуъ гуфт
ҷиҳати кӯчонидани 1000 хонавода аз вилояти Хатлон ба шаҳри Турсунзода барномаи мушаххас таҳия шудааст ва ин барнома қарор аст дар ҳамоҳангӣ бо дигар ниҳодҳои марбутаи кишвар мавриди иҷро қарор гирад.
Бино ба иттилоъи дафтари хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон ба ҳар оилаи кӯчбаста барои бунёди манзил аз ҳисоби буҷаи давлат 1500 сомонӣ маблағи муодили 500 доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон кӯчонидани хонаводаҳо аз нуқоти ҷануби вилояти Хатлон ба ноҳияи Турсунзода - ноҳияи ғарбии ҳамммарзи ин кишвар бо Ӯзбакистон идома дорад ва қарор аст ин раванд то охири соли 2006 пурра анҷом ёбад.

Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG