Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мобили Мария - ҳаққи Мария


Мария Шарапова мобилашро аз дасти дуздҳо зада гирифт

Теннисбози маъруфи рус, Мария Шарапова, ки насабаш аз вожаи арабии Шариф реша мегирад, дар шаҳри Мадриди Испониё як дуздро таъқиб мекунад, дарёб мекунад ва молашро зада бозмегардонад.

Мария, ки дар Мадрид дар як мусобиқаи байналмилалӣ ширкат мекард, вориди як қаҳвахона мешавад. Дар қаҳвахона чанд наврас сӯи ӯ қадам мезананд ва Мария фикр мекунад, ки онҳо аз ӯ соядаст гирифтан мехоҳанд, аммо дилаки наврасон дигар чиз мехостааст.

Нашрияҳои русӣ навиштаанд, яке аз бачаҳакҳои испонӣ телефони ҳамроҳи Марияро, ки рӯи миз будааст, ноайён «мебардорад».

Ноайён ба фикри худаш, аммо ин амали наврас аз чашмони Мария пинҳон намемонад ва ӯ аз паси дузди наврас медавад. Табиист, ки Марияе, ки ҳамарӯза дар майдони теннис ин тарафу он тараф медавад, ба осонӣ наврасро дарёб мекунад. Мария бо бозгардондани телефони мобилаш дигар ба пулис муроҷиат накардааст.

Ва аммо дар майдонҳои Мадрид Мария ноком шуд. Дар бозии нимниҳоии мусобиқаи Мадрид, Жюстин Энен-Ардени белгиягӣ аз Мария ҳам чолоктар баромад. Ҳамакнун, бо ин бохт Мария имкони теннисткаи рақами як шуданро ҳам аз даст дод.
XS
SM
MD
LG