Иттиҳодияи Аврупо натиҷагирии пешакии гурӯҳи нозирони САҲА аз интихоботи президентии Тоҷикистонро ёддошт намудааст. Иттиҳодияи Аврупо таъкид кардааст, ки интихоботи президентии шашуми ноябр дар фазои осоишта ва ба қавли САҲА беҳтар аз интихоботи гузашта доир шуд. Иттиҳодияи Аврупо қаноатманд аст, ки ба ваҷҳи умум нозирони САҲА вазифаҳояшонро бидуни кадом маҳдудият иҷро намуданд.
Дар айни замон, Иттиҳодияи Аврупо изҳори таассуф кардааст, ки интихобот ба ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди САҲА ва меъёрҳои интихоботи демократӣ ҷавобгӯй набуд. Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, сарфи назар аз мавҷудияти панҷ довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ дар интихобот сабқати қобили мулоҳиза ба чашм намехӯрд.
Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон дархост намудааст, ки бо ҳадафи мутобиқати ин кишвар ба ӯҳдадориҳои дар назди САҲА гирифтааш чорчӯби қонунии интихоботи президентиро беҳбуд бахшад. Изҳоротро аз номи Иттиҳодияи Аврупо раҳбари даврии ин созмон Финландия нашр намудааст.