Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Узбакистон дар Душанбе бо иттиҳоми қочоқи ҳероин


Дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон як сокини шаҳри Андиҷони Узбакистон бо иттиҳоми хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудааст.


Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон гуфтааст, шаҳрванди 35-солаи Узбакистон дар назди яке аз бозорҳои Душанбе боздошт шуда ва ҳини тафтиш аз ӯ беш аз дуюним кило ҳероин мусодира шудааст.


Аз рӯи қазияи мазкур парванда боз шуда ва тафтишот бурда мешавад.
XS
SM
MD
LG