Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон ба истеъфо рафт


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеҷ назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест

Назари ман дар мавриди ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки ҳукумат агар ба қавонине, ки муқаррар кардааст ба тамом ва пуррагӣ амал накунад, эҳтимоли суқуташ боқӣ мемонад. Зеро як ҳукумат бояд ба қавонин ва меъёрҳои асосии худ ниҳояти амалро аз худ нишон бидиҳад. Агар бар асоси он амал накард дасти бегона рӯи он кор мекунад ва дар ниҳоят онро беасосу поя месозад.Тайи чанд соли охир президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов талошҳоеро ба харҷ доданд, ки ҳукуматҳои пешин ин талошҳоро накарда буданд. Пешрафти илми иқтисодӣ, тиҷорӣ ва бозаргонӣ ва бозаргониву сиёсӣ ва дигар соҳаҳо хеле қобили аҳамият буданд. Мо тавфиқоти бештареро барои ҷаноби олӣ хоҳонем.

Салом, ба фикри ман ҷаноби олӣ на танҳо аз наздикони худ, балки бояд аз аҳзоби мухолиф ҳам дар кабинаи давлати худ ҷой диҳад, масалан, Раҳматулло Зоиров, Раҳматулло Валиев, Муҳиддин Кабирӣ ё Олим Бобоев ва Бурӣ Каримов ва афроди дигари саршиноси миллати тоҷик. Бояд вазирони собиқ 80 % аз вазифа барканор шаванд, мисли Талбак Назаров, Ҳумдин Шарифов, Хол Машрабов. Онҳое, ки пойҳояшон маҳкам шудааст, барои ҷаноби олӣ хатар доранд.
Бо эҳтиром, Бенишон

Аз мост ки бар мост. Мушкили мо ин ҷост, ки дар ҷумҳурӣ аслан сиёсатмадоре ба ҷузъ ҷаноби Раҳмонов вуҷуд надорад. Онҳое ки худро сиёсатмадор меҳисобанд ва дам аз сиёсат мезананд аз воқеъияти имрӯзаи дунёи сиёсат хабар надоранд. Банда хело ҳам дӯст доштам то як сиёсатмадори хуби мардумӣ ба майдон биёяд то мардум дар ӯ ормон бишкананд. Бо сиёсатҳои хирадмандонае, ки битавонад мардумро аз ин вартаи ҳалокатбори имрӯза бираҳонад ва мо ҳам бо қотеъият аз ӯ пуштибонӣ кунем. Сад афсӯс, ки нашуд ва тирамон ба хок хӯрд. Ин чор нафар воқеан ҳам аз назари банда масхарабоз буданд ва бо ҳарфҳое,ки мегуфтанд ба ҷуз хандонидани мо дигар ҳеҷ коре намекарданд.......
Умедворем (ба он умеде, ки нест) ё сиёсатмадоре пайдо шавад ё Раҳмонов ба мардум ва зиндагии онҳо таваҷҷӯҳе дар ин давра бикунад.
Бо эҳтиром Низом Асомуддинов


Салом, ба умеди пирӯзии ҳақ бар ботил,
Ба назар ман оқои раиси ҷумҳур бояд касонеро дар кобинаи худ биёрад, ки воқеан дилсӯзу ғамхори миллат бошанд. Кобинае, ки имрӯз кор мекунад, ба ҷои хидмат ба миллат дар фикри ҷамъ кардани сармояи худ аст ва ба ҷузъ шиор додан кори дигар намекунанд. Кор ба ҳадде расидааст, ки мардум дигар ҳеҷ ба умеди ояндаи кишвар ва ин ҳукумат надорад, чун миллат дар сарнавишти ояндаи худ нақшеро намебинад. Умедворам, ки бо омадани ҳукумати ҷадид умеди миллат баргардад.
Ҳалимов Б.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон рақобати се нафар шурӯъ мешавад. Убайдуллоев, Раҳмонов ва додари завҷаи Раҳмонов - Ҳасан. Вазоратҳоро тақсим мекунанд миёни худ, ва ҳар кадом вазире, ки бе машварати сеҷониба омад, ӯро аз миён мебардоранд. Дар Тоҷикистон аз рӯи сиёсати имрӯза, бояд аввалин шахс дар ҷумҳурӣ аз
як минтақа бошад, дуввумаш низ аз ҳамон минтақа ва сеюмаш аз Ғарм ва чорумин аз шимол, яъне сарвазир. Сарвазирро касе намеписандад, бояд сарвазирро аз ҷануб гузошт, то ӯро каме ҳам бошад ҳурмат кунанд. Асадулло Ғуломов, арзандаи ин ҷост.
Аз рӯи конститутсия раиси ҳукумат худи президент мебошад. Инро барҳам додан лозим аст. Ҳозир савдои ҷойҳо дар ҳукумат сар мешавад. Вазирон бояд ҷавон бошанд. Ва шахсоне бошанд, ки барояшон манфиати миллат ва Ватан болотар аз манфиати шахсӣ бошад. Тамоми дипломатҳои мо дар Русия (ҳарчанд дипломат номидани онҳо убол аст) барои пулкоркунӣ ба ин ҷо омадаанд, на ҷонибдории манфиати тоҷикон. Барои ба ин ҷо чун дипломат омадан 5 ҳазор доллари амрикоӣ лозим аст, агар пул дошта бошед, марҳамат кунед, маълумоти дипломатӣ
лозим нест. Инҳоро агар президент иваз кунад, ва вазиронро на аз рӯи минтақа, аммо аз рӯи истеъдодашон гузорад, бисёр кори хуб мешавад.
Тоҷике дар ғарибӣ

Мо ҳар чӣ мехоҳем муҳим нест,муҳим он аст ки президент чӣ мехоҳад. Пас агар мо тарафдори демократия ҳастем бояд ба хости раиси ҷумҳур эҳтиром бигзорем,чун наздик ба 80 дарсад ба ҷаноби Раҳмонов овоз доданд ва тибқи қонун ҳам президент дар таъйини кобинаи нави ҳукумат ихтиёр дорад.
Бо умеди беҳрӯзии миллати шарифи Тоҷикистон
Кова Хуршедзод

Салом, меҳанпарастон, кулли мардуми Тоҷикистон! Агар ман президент мебудам киро ва дар кадом вазорати Тоҷикистон вазир таъйин карданро ба ихтиёри халқ медодам то ки мардум касеро хоханд интихоб намоянд ва инро ба мӯҳлати чор сол муққаррар мекардам,на ин,ки чордаҳ сол. Дар ҳукумат танҳо шахсони дорои тафаккури миллиро интихоб менамудам.
Девонабеги Тоҷикистонӣ

Агар ман Президенти Тоҷикистон мешудам аввал ба мардум маршруткаҳоро таъмин мекардам, баъд корхонахои аз кор истодаро ба кор медаровардам, чунки кариб ҳамаи корхонаҳои мо кор намекунад. Ва барои кадрҳои хуб тайер кардан бо дигар давлатҳо хамкории илмӣ ба роҳ мемондам, барои донишҷӯёни болаёқат дар ин шаҳрҳо ҷо тайер мекардам.Чун ки бе маориф мо пеш рафта наметавонем. Бояд кадрҳои хуб тайер кард.

Ман мехоҳам, ки ин шахсиятҳо аз сари давлат раванд:
мири шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев..
раиси Бонки миллӣ-Алимардонов...
вазири корҳои хориҷа-Талбак Назаров...
Ва якчанд каси дигар, чунки бояд кадрҳои ҷавон бошанд.
Бо эҳтиром Шавкат

Агар ман президент мебудам, он заминҳое, ки аз тарафи ноҳияҳо фурӯхта шуда истодааст, аввал ба оилаҳои камбизоат бе пул дода он оилаҳое, ки соҳиби фарзандони бисёр буда якчанд келин дар як оила зиндагӣ мекунанд ва аз сабаби тангии хона мумкин аст, ки оқибаташ ба ҷудошавии келин ва домод расад, онҳоро ба
замин таъмин мекардам ки аз назари ислом низ як савоби хубе ҳисоб мешавад

Дӯстон, ба ҳайрат овардед маро! Бa чӣ умедворед? Дар масъалаи мансабу раёсат ҳамаи раҳбарони бад ба ҳам монанданд. Онҳо афродеро ба мақомҳо меоранд, ки белаёқат ва аз худашон пасттар ва фиребидану
саркӯб карданашон осонтар бошад ва ё афродеро, ки барояшон чизе бидиҳанд(kорруптсия!). Ягон раҳбар ҳаргиз нахостааст, дар дастааш одамони аз худи ӯ қавитару баобрӯтар мақоме дошта бошад. Дар бораи ҳукумати ояндаи
кишварамон бояд аз ҳамин дидгоҳ нигарист ва набояд бо орзуҳои хом худро фанд дод, бе ин ҳам дар "интихобот" фанд дода шудем, кофӣ нест?
Мухлиси шумо, Мӯҳсини Ҷаббориён

Дуруд ба ҳама!
Ин қадар хостаеду орзу кардаед. Нағз, бе ин ҳам намешавад. "Зиндагӣ бе орзу ширин набуд". Дигар Тоҷикистон ба Туркманистон наздик мешавад. Ҳамин савгандёдкунии Раҳмонов мисол шуда метавонад. Худо накунаду ягон ҳодиса нашавад, Раҳмонов то охири умр президент мемонад, баъдан Рустам, писараш президент мешавад ва
баъдан Сомон, писари хурдияш ва ҳамин хел рафтан мегирад то он вақте ки мисли Ироқ бомбборонамон накунанд.
Нуфарн

Салом радиои Озодӣ.
Ман агар раисиҷумҳур шавам, чунин корҳоро аввал ба итмом мерасонам:
1) Ҳамаи мушовирони кунуниро аз кор бекор мекунам.
2) Барои амалӣ кардани барномаи пешравии Тоҷикистон ба тариқи конкурсӣ барои
пешравии кори ҳукумат мушовиронро ба кор қабул мекунам.
3) Хешу таборбозиро ба нестӣ мебиёрам, чунки хешу табор ҳеҷ вақт аз Қонун
наметарсад, зеро медонад, ки ӯро ҳеҷ вақт раисиҷумҳур ба ҷавобгарӣ намекашад.
4) Салоҳияти нахуствазирро ба дасташ месупорам. Бигзор ин сарвазири донишманд
бошад ва фарқ надорад аз кадом гӯшаи Тоҷикистон бошад, донишманд ва иқтисоддон
бошад.
5) Ин сарвазир тавонад, ки ба ман ҳисоботи худро оиди вазоратҳо ва иқтисодиёт
расонад.
6) Барои амнияти кишвар диққати хосса зоҳир мекунам. Дар ин Вазорат низ кадри
беҳтаринро мемонам, ки корҳоро ба итмом расонад. Ва ҳеҷ вақт нагӯяд, раисиҷумҳур,
мо чӣ кор кунем?
7) Раисиҷумҳур ба англисӣ SUPER MEN нест. Президент бояд одамони арзандаро ба
вазифаҳои калон гузорад, на балки хешу табори бесавод.
Ин корхоро аввалин дарача ба итмом мерасонам.
Даврони Бепрезидент

Дуруд бар шумо, кормандони радиои Озодӣ!
Хеле шод гаштам, ки ба мо шаҳрвандони Тоҷикистон ин суолро ба миён гузоштед. Ман
гуфтаниям, ки агар раисҷумҳур мебудам, аввал домодамро (шавҳари духтарамро) ба
вазифаи баланд мемондам. Мисли оне, ки алъон раисҷумҳури кишварамон ба чунин
корҳо даст зада истодааст. Ин худаш чӣ гап? Шармандагӣ....
R-E-S-P-E-C-T

Салом,
Агар ман президент мешудам, меъёри интихоби аъзои ҳукумат барои ман наздиконам, хешу табор, ҳамҳизбиҳо, ҳамақидаҳо, ҳаммаслакиҳои худамро мебуд. Касе, ки аз ман шоистатару лоиқтар бошад, намегирифтам, ашхоси машҳуру тавоноро ё аз кишвар берун мекардам ё зиндонӣ ё саркӯб мекардам, то мухолиф надошта бошам. Чун давлати мо ҳуқуқбунёду демократӣ аст, ҳуқуқро худамон бунёд мекунем, на демократияи ҷаҳонӣ, балки демократияи тоҷикӣ.
Бенишон

Салом,
Агар ман президент мешудам, меъёри интихоби аъзои ҳукуматам не хешу табор мебуд, балки афроди миллӣ ва калидиро дар кобинаи худ гирд меовардам то бо меҳру муҳаббату илму маърифату дониши якдигар кишвари азизамонро обод мекардем, на инки чаҳор бесаводи мисли худамро ҷамъ карда кишварро ба яғмо барем.
Бо эҳтиром, Ҷамила

Ассалому алайкум. Агар ман президент мешудам, тамоми ҳкуматро иваз мекардам.

Салом ба ҳамдардон!
Сарварӣ кори саҳл нест.
Ман сарвар мешудам, чун имрӯза аҳли хешу таборамро вазифа медодам?!!!.
Фахр

Салом агар ман президент мебудам, хешутабори худам мондагӣ кимкадо каси намешинохтагиро вазир таъйин намекардам, ба акаву додари худаму хешу табор, домодам тақсим мекардам. Баъд ҳамқишлоқиҳоям, баъд ҳамшаҳриё, баъд агар расид, ба дигарон.
Як рӯзаму хурӯсам. Ҳамин хел буд ва хоҳад монд.
Ҷон Кеттӣ

Саломи ҷӯшон ба кормандони Родиёи Озодӣ, ки ин ҳаққи гуфторро фароҳам оварда. Ман низ ба мисли ҳамфикрони худ дар ин сафҳа мехоҳам, чанд пешниҳод доир ба бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кардани президент ҳангоми тақдим ва таъйини маснад ба раисони навоҳӣ ҷиддан фикр бикунад. Асосан ҳангоми таъйини раисони шаҳру навоҳии устони Суғд. Барои мисол раиси шаҳри калонтарини Суғд - Истаравшан шахсе интихоб шавад, ки орӣ аз ришвахӯриву ришваситонӣ бошад.
Бо эҳтиром Додварз

Танҳо ва танҳо нафароне таъин шаванд, ки ҷамъият аз онхҳ АЛЛАКАЙ фоида дидааст! Масалан, Амонулло Ҳукумов, ки барои мардуми чандин деҳот корҳои бузургеро ба анҷом расонда, кори Роҳи оҳани Тоҷикистонро пурзӯр карда! Ва ҳатман вазоратҳои маорифу тандурустиро вазоратҳои стратегӣ эълон мекардам!

Салом ба ҳама ҷавонони Майдони Баҳс ва Радиои Озодӣ,
Ман онқадар раисиро нағз намебинам, зеро масъулияти калон асту лекин агар Худованд маро соҳиби вазифае мекард, ягон раиси ноҳияро барканор мекардам, зеро баъзеяшон на меҳр ба Ислом доранду на ба халқ. Ҳар касе, ки меҳр ба Ислом дорад, мардумро дӯст медорад, зеро мусалмонҳо ҳама мисли як ҷисманд, узве дард кунад, ҳама аъзоро ба худ мекашад......ва дуо мекунам, Худованд ҳидоят кунаду морову онҳоро. Наход касе набошад, ҳамин доди мардумро ба мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов расонад, шояд ӯ хабар надораду ин ҳама кори поёниҳо ҳаст? Ва умед дорем, ки ин Радиои Озодӣ шояд дарди моро сабаб шаваду давое ёбем аз ҷониби Худо ва дарди мо ин нобуд кардани хунхорону мансабпарастон аст, ки мансабро бояд мисли хидматгор истифода баранду ба мардум хидмат кунанд, вале инҳо мансаб гирифтанд, гурги гурусна мешаванду мардуми бечора гӯсфанди рама, агар дароз шуда бошад, узр мехоҳам.
Ғариби аз Ватан берун

Раҳмонов бояд беҳтарин ва арзандатарин чеҳраҳои миллиро дар идораи давлат ҷалб намояд.Ҳамзамон роҳбарони интихобнамуда бояд аз дарси идораи давлат бархурдор бошанд. Барои Раҳмонов давраи таъмини сулҳу осоиштагӣ сипарӣ гардидааст, муваффақиятҳо дорад, натиҷаҳо хубанд. Аммо маҳалгароӣ ҳам ҳудуд дорад, бояд Раҳмонов аз назари волоияти миллат андеша намояд. Раҳмонов ин дафъа низ ғалаба накардааст, вале касе низ даъвогар ба вазифаи раиси ҷумҳур набуд, вай инро хуб медонад. Раҳмонов кадрҳои хубро ҳам хуб медонаду ҳам хуб мешиносад, ӯ ин ақлро дорад. Бигузор аз баҳри вазирони дузду ғоратгар ва раисони ишкамбузургаш барояд. Онҳо марази сарзаминанд ва барои миллати мо хеле бегонаанд. Бигузор Раҳмонов ба балегӯии онҳо дода нашавад, таъриф сарчашмаи ободӣ нест.
Ҳукумати ояндаи Раҳмонов:
Сарвазир - Бобоев Ғ., ҷонишинони сарвазир - Ширинов А., Собиров М, Ғуломов А., Мавлонова Х.
Вазири иқтисод ва савдо - Умаров Ҳ., вазири саноат - Саидов З., вазири меҳнат - Тағоева С., вазири амният- Зуҳуров С., вазири корҳои дохилӣ - Абдураҳимов Х., вазири адлия - Қосимов М., вазири кишоварзӣ - ?
вазири маориф - ? (Раҳмонов Абдуҷаббор набояд вазир бошад)
Ислоҳоти ихтисори вазоратҳоро ҳам бояд андешид. Шумораи коргарони вазоратхонаҳоро бояд кам намуд, ҷонишинони вазирҳо ҳам бояд кам бошанд.
Сафар

Барои таҷдиди ҳукумати ҷадид чунин пешниҳодҳо дорам:
Сарвазир - Маҳмадсаид Убайдуллоев
Муовинон - А.Ғуломов, Хайринисо Мавлонова
Вазири корҳои хориҷӣ - Муҳиддин Кабирӣ
Вазири иқтисод ва савдо - Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Вазири адлия - Раҳматилло Зойиров
Коно

Масъалаи сиёсати кадриро як тараф монда аввал дигар мушкилотро ҳал кардан лозим!
Охир на "Садои мардум" ва на "Ҷумҳурият" натавонистанд то ҳол ба дарди мардум бархӯранд! Ман президент шавам, Имомназари Холназарро сармуҳаррири "Хорпуштак" таъин карда ин маҷалларо нашрияи давлатӣ эълон мекунам ва бигзор пиёдасозии идеолужии ман тавассути он роҳандозӣ шавад.
Президенти оянда

Ман президент шавам аз 28 сол зиёд роҳбарӣ намекунам! Ҷаноби Олӣ, ки ба мо намуна бошад, қабул! Хело ҷолиб, дар ин муддат барои мисол метавонӣ ҳатто 10 вазири ин ё он вазоратро иваз кунӣ, вале "рӯди ман олам дигар шуд, ман ҳамон ҳастам, ҳамон!".
Нукурдин

Салом, халқи тоҷик, умедвори онам, ки бо интихоботи нав пешравиҳои нав мешавад.
Агар ман президент мебудам, ҳамонҳоеро ба вазифа мегирифтам, ки саводи нағз дошта бошанд ва аз ӯҳдаи кор бароянд, на барои он ки сердаромаданду вазифаашонро талоши харидан доранд. Чунки мо ҳозир шоҳиди онем, ки бисёре аз ин вазифадорҳо саводи комил надоранд, аммо сари вазифааанд.
Ҳангоме, ки онҳое, ки сӯм доранду савод надоранд, дар сари вазифа ҳастанд, пас ба онҳое, ки савод доранду сӯм надоранд, чӣ мешавад?
Политик.тҷк

Салом ба мардуми тоҷик, умедворам, ки ояндаи Ватанамон хубтар бошад,
Ба Шумо фақат як чизро расониданиям, ки ҳар давлате чӣ хеле набошад, барояшон ҳамон тавр масъул хоҳад шуд. Ин ҳикмат аст, мо набояд аз дигарон нолем, худамон ба дасти худамон кардем, боз чӣ мехоҳем?
Агар ман раис мебудам, ҳар нафареро, ки талош дорад, ки раис шавад, аз масъулият дур мекардам. Ва ҳар касе, ки лаёқат дорад, хавфи ҳаққи масъулияташро адо кардан дорад, барои ҳамин шуда аз мансаб рӯ мегардонад, ӯро раис мекардам.
XS
SM
MD
LG