Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА эҳтимоли бозбинии таҳримоташ алайҳи Узбакистонро сарфи назар намекунад


Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо (ИА) Хавйер Солана гуфт, дар сурати ба таври мушаххас дар роҳи беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар иқдом кардани Узбакистон, ин созмон метавонад таҳримоташ алайҳи Тошкандро сабуктар кунад. Солана ба бахши армании Радиои Озодӣ аз ҷумла гуфт: "Як қисми таҳримот побарҷост, вале онҳо дар робита ба қазияи Узбакистон тағйир кардаанд. Чунки Узбакистон ду қарореро қабул кард, ки мо хоста будем ва онҳо қабул карданд. Ва мо бояд бубинем, ки чизҳое, ки дар назария қабул шудаанд, оё дар воқеъ амалан ҳам қабул шудаанд ё хайр. Ва агар чунин аст, мо албатта, ин таҳримотро бозбинӣ хоҳем кард." Аммо оқои Солана аз ҷузъиёти қарорҳои қабулкардаи Узбакистон чизе нагуфт. Вале ӯ қаблан гуфта буд, ки Узбакистон ба гуфтугӯ бо ИА рӯи масоили ҳуқуқи башараш розӣ шуда ва ҳамин тавр пешниҳоди музокироти дуҷониба дар сатҳи коршиносон роҷеъ ба ҳаводиси Андиҷонро пазируфтааст.

Шӯрои ИА рӯзи душанбе таҳрими фурӯши аслиҳа ба Узбакистонро то як соли дигар ва манъи ироаи раводиди сафар ба мақомоти дар рӯйдодҳои Андиҷон дастдоштаи узбакро то 6 моҳи дигар тамдид кард. Ва аммо Шӯрои Аврупо розӣ шуд, ки ҳамкории фаннӣ бо Узбакистон аз сар гирифта шавад. Таҳримоти ИА алайҳи Узбакистон соле пеш дар пайи тақозои анҷоми таҳқиқоти байналмилалии рӯйдодҳои хунини Андиҷонро радд кардани давлати Ислом Каримов ҷорӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG