Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси стротежии нави Ироқ авҷ мегирад


Дирӯз гурӯҳи амрикоии таҳқиқи вазъи Ироқ бо сарвазири Бритониё Тони Блейер рӯи мавзӯъи сиёсати нави Ғарб дар қиболи Ироқ гуфтугӯи видиёӣ дошт. Ин гурӯҳ, ки намояндагони бонуфузи ҳарду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демократи Амрико таъсисаш додаанд, рӯзи душанбе ҳамин тавр бо раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш мулоқот карда буд. Тони Блейер рӯзи душанбе хостори тағйири сиёсати Ғарб дар Ироқ ва кулли Ховари Миёна шуда, аз Эрону Сурия даъват кард, ба раванди расидан ба як сулҳу суботи ниҳоӣ дар Ховари Миёна ҳамроҳ шаванд.

Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ки дирӯз дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон сӯҳбат мекард, гуфт, дар сурати ислоҳ шудани рафтори Амрико Эрон омода ҳаст бо ин кишвар сари мизи гуфтугӯ бинишинад. Аҳмадинажод гуфт, танҳо кишваре, ки Эрон ба гуфтугӯяш нахоҳад нишаст, Исроил аст. Аммо оқои Аҳмадинажод рӯшан накарда, ки оё ӯ музокирот бо Амрикоро дар масъалаи амнияти Ироқ дар назар дошт ва ё гуфтугӯ пиромуни барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии худи Эрон.

Сурия низ гуфта, ки барои музокирот бо Амрико дар бораи роҳҳои таъмини субот дар Ироқ омода мебошад. "Тишрин", нашрияи давлати Сурия навишт, ки Димишқ мунтазир аст, ки оё Вошингтон кай роҳи музокиротро боз хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, бархе аз аъзои гурӯҳи амрикоии таҳқиқи вазъи Ироқ, ки пештар ҳам зикраш рафт, моил ба инанд, ки Эрону Сурияро низ ба ҷараёни истиқрори субот дар Ироқ бояд ҷалб кард.

Хабари рӯзномаи "Тишрин"-ро баъдтар Бусайно Шаъбон, узви кобинаи вазирони Сурия низ таъйид кард ва гуфт: "Сурия ҳамеша мӯътақид ба роҳи гуфтугӯ буд ва ҳамеша ба музокирот даъват мекард. Аммо маъмурияти Амрико ва сарвазири Бритониё буданд, ки ба ҷойи пардохтан ба ҳалли низоъи Арабу Исроил сиёсати шурӯъи ҷанги Ироқро пеш гирифтанд. Бо ин вуҷуд, Сурия мӯътақид ба роҳи музокирот ҳаст, вале, албатта, ҳеҷ гоҳ пешшартеро то шурӯъи музокирот қабул нахоҳад кард ва маъмурияти Амрико инро медонад."

Дар ҳамин ҳол, Амрико аз Эрон даъват кардааст, ғанисозии ураниум ва дахолатҳояш дар Ироқро қатъ карда, дар Ховари Миёна нақши созандаро бозӣ кунад. Як баёния бо чунин мазмунро Гордон Ҷондро, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико нашр кардааст.
XS
SM
MD
LG