Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ - қаҳрамони футболи Осиё миёни ҷавонон


Куриёи Ҷанубӣ 2 - 0 Урдун Куриёи Шимолӣ 6 - 3 Ҷопон:

Куриёи Шимолӣ дар бозии ниҳоии қаҳрамонии ҷавонони Осиё дар Ҳиндустон бар тими Ҷопон пирӯз омада унвони қаҳрамони Осиё миёни ҷавонони то 20-соларо бар худ ихтисос дод.

Бозии ниҳоӣ, ки дар шаҳри Калкутта доир гардид, бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт. Зарбаҳои бозигарони ҳарду даста дар вақти иловагӣ ҳадафрас набуданд, ва аммо дар зарбаҳои ёздаҳметраи баъд аз бозӣ ду хатои ҷопониҳо Ҷомро ба шимоли Куриё фиристод. Зарбаҳои 11-метраи баъд аз бозӣ бо ҳисоби 5-3 бар нафъи куриёиҳо анҷом ёфт.

Ва аммо медолҳои биринҷӣ насиби тими дигари Куриё, Куриёи Ҷанубӣ гардиданд. Дар бозӣ барои ҷойи саввум, ки қабл аз бозии ниҳоӣ баргузор шуд, тими Куриёи Ҷанубӣ бар тими Урдун бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб омад.

Ҳамакнун, ҳар чаҳор даста: Ҷопон, Куриёи Шимолӣ, Куриёи Ҷанубӣ ва Урдун қораи Осиёро дар қисмати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футболи ҷавонон, ки аз 30 июн то 22 июли соли 2007 дар Конода баргузор мешавад, намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG