Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё хостори тағйири сиёсати Ғарб дар кулли Ховари Миёна шуд


Сарвазири Бритониё Тони Блейер гуфт, Ғарб бояд дар стротежиаш дар Ироқ ва ҳамин тавр дар тамоми Ховари Миёнаро таҷдиди назар кунад. Тони Блейер аз Эрону Сурия даъват кардааст, дар таъмини суботи Ироқ нақши бештари созанда бозӣ кунанд, вагарна ба инзивоъи байналмилалӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Дар суханронии шаби гузаштааш дар Лондон сарвазири Бритониё гуфт, Эрон дар рӯбарӯи як интихоботи рӯшани стротежӣ қарор дорад: "Мо ба Эрон як интихоби рӯшани стротежиро пешниҳод мекунем: Онҳо ба раванди сулҳи Ховари Миёна на халал, балки кӯмак расонда, пуштибонӣ аз терроризмро дар Лубнон ва ё Ироқ қатъ мекунанд, онҳо бар ӯҳдадориҳои байналмилалии худ бидуни тардид риоят мекунанд. Дар чунин сурати ҳол, имкони ҳамкории ҷадид мавҷуд аст, вагарна онҳо ба инзивоъ рӯбарӯ мешаванд."

Ба эътиқоди сарвазири Бритониё, посухи хеле аз масоили Ироқ на дар худи Ироқ, балки хориҷ аз он нуҳуфтааст.
Тони Блейер гуфта, ки масъалаи Ироқ бояд дар чавкоти стротежии кулли Ховари Миёна бознигарӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, стротежии нав бояд аз ҳалли низоъи байни Исроилу фаластиниҳо оғоз бигирад.

Дирӯз дар Вошингтон президенти Амрико Ҷорҷ Буш низ стротежии нави кишвараш дар қиболи Ироқро дар як дидор бо аъзои гурӯҳи мавсум ба гурӯҳи таҳқиқи вазъи Ироқ баррасӣ кардааст. Ин гурӯҳро вазири пешини хориҷаи АМрико Ҷеймс Бейкер ва сенатори собиқи демократ Ли Ҳамилтон таъсис додаанд ва он бояд дидгоҳаш дар бораи стротежии нави Ироқро дар моҳи декабр нашр кунад.
XS
SM
MD
LG