Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ: Роҳи раҳоиро бояд дар Ирону Сурия ҷуст?


Дар шимоли шаҳри Бағдод як бомбгузори интиҳорӣ дасти кам 10 нафарро кушта ва 30 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Дар ҷойе дигар, узви шӯрои шаҳри Диёло воқеъ дар шимолу шарқи Бағдодро куштанд. Дар шаҳри Мавсил наворбардори телевизиони мустақили Ал-Шарқия низ аз тири афроди номаълум ҷони худро аз даст додааст. Ба гуфтаи пулис, шайхи суннимазҳаб Номис Каримро дар шаҳри Бақубаи Ироқ куштаанд.

Қарор аст, раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз (13 ноябр) бо аъзои гурӯҳи вижаи узви кумиссиёни махсусе мулоқот кунад, ки муаалифони стротежии нави Амрико дар Ироқро ҳастанд.

Яке аз пешниҳодоти ин гурӯҳ гуфтугӯи мустақим бо Ирону Сурия аст, ки ҳукумати Ҷорҷ Буш онҳоро ба барангехтани ноамнӣ дар Ироқ муттаҳам мекунад. Ин гурӯҳ бо сарпарастии Ҷеймс Бейкер, вазири собиқи хориҷаи Амрико моҳи марти ҳамин сол аз ҷониби Кунгура таъсис шуд ва масъулияташ арзёбии мустақили вазъи Ироқ мебошад.

Қарор аст, гузориши ин гурӯҳ моҳи декабр нашр шавад. Ва аммо дар ҳамин ҳол, генерал Питер Пейс, раҳбари ситоди кулли фармондеҳони Амрико як арзёбии ҷудогонаеро доир ба вазъи Ироқ таҳия дорад.

Ҳизби демократи Амрико, ки бо шикаст додани Ҳизби ҷумҳурихоҳи Ҷорҷ Буш аксарияти курсиҳоро дар Кунгураи Амрико ба даст овард, мегӯяд, барои таъйини ҷадвали замонии ихроҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Ироқ талош хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG