Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар Сибир


Муруват Маликшоев, раиси маркази фарҳангии тоҷикони муқими Иркутск, воқеъ дар қисмати сибирии Русия ба радиои Озодӣ гуфт, рӯзи якшанбеи 12 ноябр дар варзишгоҳи сарпӯшидаи шаҳри Иркутск рӯзи фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардид.

Ӯ гуфт, рӯзи фарҳанг таҳти унвони «Пули дӯстии Тоҷикистон-Иркутск» бо иҷтимоъи пуршукӯҳи муҳоҷирони тоҷик, мардуми бумӣ ва намояндагони мақомоти вилоят баргузор гардид. Ҳозирин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, китоб, фаровардаҳои кишоварзии Тоҷикистон, барномаи созиву овозии ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳасани Ҳайдарро тамошо карданд.

Раиси кумитаи бозаргонии шаҳри Иркутск Александр Третяков дар маросими ифтитоҳи рӯзи фарҳанги Тоҷикистон гуфтааст, байни Иркутск ва Тоҷикистон аз соли 2003 созишномаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ имзо шудааст ва мардуми ин шаҳр аз маводи тозаи экологии Тоҷикистон фаровон истифода мекунанд. Ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон дар ободонии вилоят саҳм доранд.

Ба қавли раиси маркази фарҳангии тоҷикон, ҳарсола дар Иркутск то 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик кор мекунанд, даҳ ҳазор муқим шудаанд ва наздик ба се ҳазор тоҷик мақоми шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Фарзандони муҳоҷирони тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва дар донишгоҳҳои вилоят беш аз сад донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад.

Муруват Маликшоев гуфт, рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар Иркутск нахустин бор баргузор шуд, телевизиони вилоят ҳам барои аввалин бор мардуми минтақаро ба фарҳанги адабиву ҳунарӣ, арусӣ, меҳмондорию варзишии муҳоҷирони тоҷик ошно кард ва мурод аз ташкили рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар Иркутск низ ҳамин буд.
XS
SM
MD
LG