Пайвандҳои дастрасӣ

Ситораи Юлдуз нагун шудааст?


Ду соли пеш сарояндаи маъруфи узбак Юлдуз Усмонова бо даъвати мақомоти Туркманистон дар ҷашни бахшида ба қавли Туркманбошӣ китоби муқаддаси Рӯҳнома ширкат кард ва чанд таронаеро аз матни Рӯҳнома ҳам ба оҳанг дароварда дар консерт иҷро кард. Консертҳои ӯ аз ҷониби тамошобин ва худи раиси ҷумҳур Сафармурод Ниёзов хуб қабул шуданд ва хонум Юлдуз дар бардошташ аз ин истиқболҳои гарми мардум ва ҳукумат аз мақомоти Туркманистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон таъриф кард. Ӯ аз ҷумла чунин гуфта буд:

"Дар ҳақиқат ҳарчанд Рӯҳнома ба забони туркманӣ эҷод шудааст, аммо он дар дилу дидаи ман ҷо шуд. Вақте ман консерт иҷро мекардам, ҳама, бо шумули Туркманбошӣ мегиристанд"

Тибқи иттилоъи бахши узбакии радиои Озодӣ, баъди ин консертҳо хонум Юлдуз ба эҳсосот омада аз раиси ҷумҳурии Туркманистон, аз ғамхориҳои ӯ дар ҳаққи мардум ва ҳунармандони ин кишвар таҳсин мекунад. Ӯ аз ҷумла мегӯяд, ки дар Узбакистон шароити кору зиндагии овозхонон чандон хуб нест, онҳо ҳаққи заҳмати худро аз консертҳо пурра ба даст намеоранд, барои ташкили чунин консертҳо ба масъулин ришва медиҳанд, дар ҷашнҳои тӯю сур ва хурсандиҳои мақомот бепул иштирок мекунанд. Ӯ гуфтааст, ки дар Туркманистон мардум ва ҳунармандон бидуни заҳмати зиёд даромади хуб ба даст меоранд. Баъдан Юлдуз Усмонова дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт:

"Ба фикрам, вақте ман аз Туркманистон бармегаштам, дар ҳаққи ман ҳарфҳои хеле бад гуфта шуд. Ҳамаи онҳо дурӯғанд. Агар ҳам ман дар он ҷо будам, пас бо тавсияи Вазорати умури хориҷа рафта тавонистам. Албатта маро мардуми туркман ва раиси ҷумҳурии онҳо хуб истиқбол гирифтанд. Ман онҳоро бо ҷашни Рӯҳнома табрик кардам ва чанд таронаро бо матни Рӯҳнома иҷро кардам. Ҳама суханҳои маро ба таври дигар расонданд. Ман чӣ гуфтам, ки ҳар давлат ба тарзи худаш пеш меравад, масалан баъзе давлатҳо ҳунармандон ва рассомонро пуштибонӣ мекунанд. Ман чизи баде нагуфтам. Баъд ба ман гуфтанд, чаро ту Туркманистон рафтӣ? Хайр, чаро намерафтам? Мо магар дар зиндон зиндагӣ мекунем? Ман намехоҳам дигар дар ин бора сӯҳбат кунам, ҳаволаашон ба Худо аст. Аммо билохира ба ман ҳама роҳро ба телевизион бастанд"

Тибқи иттилоъи ба дастомада, ҳоло барномаҳои консертиву таронаҳои хонум Юлдуз дигар ба барномаҳои телевизиону радиоиҳои маҳаллӣ роҳ дода намешаванд. Имсол ба консерти давлатии бахшида ба ҷашни истиқлол ӯро даъват накарданд ва тавре таҳлилгарон мегӯянд, аз рӯи ин консерт дар Узбакистон муайян кардан мумкин аст, ки кадоме аз ҳунармандонро дар айни замон ҳукумат қадр мекунаду киро на.

Ғайр аз ин, тибқи иттилои бахши узбакии радиои Озодӣ Юлдузро Додситонии кулл дар он муттаҳам кардааст, ки солҳои 2000-ум замони вакили парлумон буданаш ба таври ғайриқонунӣ ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул шудааст, яъне консертҳо гузошта аз онҳо фоида ба даст овардааст.

Аммо Юлдуз аввалин ҳунарманди узбак нест, ки баъди сафар ба Туркманистон бо чунин бархурди мақомот рӯбарӯ мешавад. Бобомурод Ҳамдамов, овозхони собиқадори хоразмӣ, ки дар Тошканд ба сар мебарад, ҳамроҳ бо Каримов рӯзе ба Туркманистон сафар мекунад. Ва тавре мегӯянд, истиқболи хуши Туркманбошӣ аз ин овозхони хушсадо, ки солҳои Шӯравӣ баробар ба забонҳои узбакиву туркманиву ҳатто тоҷикӣ эҷод кардааст, боиси норизоияти Каримов мешавад ва ӯ низ баъди ин сафар аз ҳар гуна пуштибониҳои ҳукумат маҳрум мешавад.

Ҳаводорони оҳангҳои Юлдуз Усмонова мегӯянд, ки барои бори дуввум аст, ки равобити ин овозхон бо мақомоти кишвар бад мешавад. Мегӯянд, бори аввал дар оғози солҳои 90-ум ӯ барои дӯстиаш бо мухолифини Каримов ба қавле дар рӯйхати сиёҳ ҷо мегирад. Ва танҳо баъди чандин сол раиси ҷумҳурӣ ӯро расман бахшида иҷозати ҳузури ӯро дар саҳнаи ҳунар дубора таъмин мекунад. Аммо саволе, ки ҳоло дар фикри ҳаводорону хабарнигорон мечархад, ин аст, ки оё ин навбат қаҳри мақомот нисбати овозхони маҳбуби мардумӣ то кай идома мекарда бошад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG