Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин корхонаи маъдани Олтинтопканро бозсозӣ мекунад


Як ширкати чиноӣ, ки дар заминаи содирот ва воридоти фанновариҳои муосир фаъолият мебарад, тасмим гирифтааст, барои фаъол сохтани корхонаи маъдани Олтинтопкан, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон 30 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намояд.


Корхонаи мазкур ба истихроҷу коркарди маъодини табиъӣ, мушаххасан сурб ва руҳ ихтисос ёфтааст ва фаъолияти худро дар ин самт аз соли 1953 оғоз кардааст. Аммо бо иллати пеш омадани мушкилоти сершумори молӣ, аз қабили набуди сармоягузорӣ ва фарсудагии таҷҳизот корхона аз соли 2000 инҷониб фаъолият надорад.


Ин дар ҳолест, ки аз ин пеш ба ин корхона сармоягузорони амрикоӣ ва русӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда будаанд. Аммо ба далели ироаи пешниҳодоти муносиб аз ҷониби чиноиҳо, Вазорати саноати Тоҷикистон дар мавриди аз саргирии фаъолияти он бо ширкати чиноӣ тавофуқ даст ёфтааст. Бино бар иттилоъи Вазорати саноат, ин ширкат қасд дорад, дар баробари ба роҳ мондани кори истихроҷи маъодин ҳамчунин дар корхонаи Олтинтопкан коркарди маҳсулотро низ ба роҳ монад.


Анҷоми бозсозии фаннии корхонаи маъдани Алтинтопкан имкон медодааст, зарфияти истеҳсолии он дар марҳалаи муқаддамотӣ дар сол то ба 250 ҳазор расонида шавад. Қарор аст, корҳои тармиму бозсозии корхонаи мазкур соли 2007 оғоз ёбанд. Дар ҳоли ҳозир, тибқи омори Вазорати саноати Тоҷикистон дар ҳудуди ин кишвар ҳафт корхонаи истихроҷи маъодини табиъӣ мавҷуд аст.
XS
SM
MD
LG