Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмонов бо рақибони интихоботиаш мулоқот мекунад


Қарор аст имрӯз 13-ноябр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо чаҳор тан собиқ рақиби худ дар интихоботи баргузор шудаи ахири раёсати ҷумҳурии ин кишвар мулоқот намояд. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо довталабони курсии раёсати ҷумҳурии ин кишвар Абдуғаффор Ҳалимов раиси Ҳизби сотсиалист, Амир Қарақулов раиси Ҳизби кишоварзӣ, Исмоил Талбаков намояндаи Ҳизби коммунист ва Олим Бобоев раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мавзӯъи интихобот ва ширкати номзадҳои мухолиф дар он мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Интихоботи президенти Тоҷикистон 6 -ноябри соли равон баргузор шуд. Дар корзори интихоботи президенти Тоҷикистон чаҳор номзади довталаб ба шумуми Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури феълии ин кишвар ширкат карданд. Бар асоси омори КМИР Эмомалӣ Раҳмонов бо касби ҳудуди 80 дарсади орои раъйдиҳандагон барандаи интихобот эълон шуд.
XS
SM
MD
LG