Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаби Мирзо кай озод мешавад?


Ҳарду ҷиноҳи Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) мегӯянд, талош доранд се узви фаъоли 8 рӯз пеш дар пайи талоши ташкили як намоиши эътирозӣ боздоштшудаи ин ҳизбро аз боздоштгоҳ раҳо кунанд. Вале агар ҷиноҳи Масъуд Собиров ба ин манзур роҳи музокира бо мақомоти расмии интизомиро пеш гирифта бошад, ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар ин амр бештар ба мусоидати созмонҳои байналмилалӣ умед мебандад.

Масъуд Собиров, раҳбари ҷиноҳи аз сӯи вазорати адлия эътирофшудаи ҲДТ мегӯяд, масъалаи раҳоии Раҷаби Мирзо, Хайриддин Гуляев ва Темур Тошевро рӯзи шанбе бо мақомоти шӯъбаи умури дохила ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе машварат кардааст. Оқои Собиров мегӯяд, онҳо як механизми расидан ба раҳоии ин се узви фаъоли ҳизбро дар ҳамбастагӣ бо ин мақомот ҷустуҷӯ доранд ва шояд то 1 ё 2 рӯзи дигар ба натиҷае бирасанд. Ин се раҳбари созмони ҲДТ дар шаҳри Душанбе рӯзи 4 ноябр дар пайи талоши ташкили намоиш дар рӯбарӯи бинои вазорати адлия ба нишони эътироз ба шинохти расмии Масъуд Собиров ба унвони раиси ҳизб боздошт ва ҳар кадом ба 15 рӯзи зиндон маҳкум шуданд. Аммо Масъуд Собиров ин иқдомро аз умури дохилии ҲДТ меҳисобад.

Дар ҳамин ҳол, Раҳматуллоҳ Валиев, муовини раиси ҲДТ ба раҳбарии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров тарҳеҷ медиҳад, масъалаи раҳоии ин се узви ҳизбро бо созмонҳои байналмилалӣ матраҳ кунад. Ӯ мегӯяд, ба ин хотир бо намояндагони чандин созмон мулоқот кардааст. Ба назари оқои Валиев, ин созмонҳо бояд ба давлати Тоҷикистон бо тақозои раҳоии аъзои боздоштшудаи ҲДТ фишор ворид кунанд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG