Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ-и Масъуд Собиров ба Шӯрои ҷамъиятӣ шомил шудан мехоҳад


Ҳизби демократи Масъуд Собиров хостори узвияти дубора ба Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон шуд. Мавлон Мухторов, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон бо таъийди ин хабар гуфт, унвонии ин созмон як дархост зери имзои Масъуд Собиров ворид шудааст. Ҷаноби Мухторов гуфт, феълан, ин масъала дар Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор дорад ва интизор меравад, дар ҷаласаи оянда аъзои ин Шӯро дар масъалаи пазируфтан ва ё рад кардани Ҳизби демократ раъй бидиҳанд.


Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократ гуфт, ҳадафи аслии онҳо аз дубора шомил шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ - шинохти дигар аҳзоб ва мавқеъгирии онҳо дар мавриди масоили мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Оқои Собиров гуфт, масъалаи шомил шудани ҲДТ ба Шӯрои ҷамъиятӣ миёни аъзои ин ҳизб ихтилофотеро ба бор намеорад, зеро раёсати нави ҳизб аз сӯи Вазорати адлия ба расмият шинохта шудааст ва дар ҳар тасмимгирӣ ҳамин раёсат масъул аст.


Ҳикматулло Сайфуллозода, раиси маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке дигар аз аҳзоби узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, шомил шудани Ҳизби демократ ва ҳамчунин дигар аҳзоб ба ин Шӯроро натанҳо истиқбол мекунад, балки зарур медонад.


Феълан, аз ҳашт ҳизби дар кишвар расман сабти ном шуда шаш ҳизб шомили Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон мебошанд. Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳудуди ду сол қабл ба дунболи боздошти раиси ин ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бо нишони эътироз аз Шӯрои ҷамъиятиии Тоҷикистон хориҷ шуда буд. Аммо Ҳизби сотсиал –демократ, яке дигар аз аҳзоби мухолифи давлат шомили ин Шӯро нашудааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG