Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лигаи олӣ пас аз танаффуси якмоҳа бо як дидор миёни тимҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Ориёно»-и Душанбе оғоз шуд.

Ин бозӣ бо пирӯзии дастаи мизбон - «Вахш» бо натиҷаи 5 бар 2 хотима ёфт. Вале ин ғалаба ҷойгоҳи қаҳрамони феълии Тоҷикистонро дар ҷадвали мусобиқот тағйир надод. «Вахш» бо 41 имтиёз аз 19 бозӣ мисли пешин дар ҷойи дуввум аст. «ХИМА»-и Душанбе, ки нисбат ба «Вахш» як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 42 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 37 имтиёз аз 16 бозӣ дар ҷойи севвум мебошад. «Парвоз»- и Бобоҷон Ғафуров, ки аз ҳама камтар - ҳамагӣ 15 бозӣ кардааст, бо 31 имтиёз мақоми чаҳорумро ишғол мекунад. Барои унвони қаҳрамонӣ ва медолҳои мусобиқот ин чаҳор дастаи пешсаф талош меварзанд. Мусобиқот то рӯзи 1 декабр идома хоҳад кард.

Ва як хабари дигар барои мухлисони футбол ин аст, ки тимҳои мунтахаби ҷавонони Ҷопон ва Куриёи Шимолӣ ба бозии ниҳоии қаҳрамонии ҷавонони Осиё, ки дар Ҳиндустон ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.

Дар бозии ниманиҳоӣ Ҷопон бар Куриёи Ҷанубӣ аз рӯи пенолти ё силсилаи зарбаҳои 11-метра бо натиҷаи 3 бар 2 ғолиб омад. Замони асосӣ ва изофӣ бо натиҷаи 2 бар 2 ба поён расид. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ Куриёи Шимолӣ Урдунро бо натиҷаи 1 бар 0 шикаст дод. Бад-ин тартиб дар бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 12 ноябр дар варзишгоҳи «Солт Лейк»-и шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон Ҷопон ва Куриёи Шимолӣ рақобат мекунанд. Пеш аз ин дидор Куриёи Ҷанубӣ бо Урдун барои ҷойи севвум талош меварзанд.

Чаҳор дастаи беҳтарин - Ҷопон, Куриёи Шимолӣ, Куриёи Ҷанубӣ ва Урдун қораи Осиёро дар қисмати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футболи ҷавонон, ки аз 30 июн то 22 июли соли 2007 дар Конода баргузор мешавад, намояндагӣ хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG