Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои Рамсфелд


Аксуламали тарафдорон ва мухолифини сиёсати ИМА ба барканоршавии Рамсфелд гуногун аст. Рӯзи панҷшанбе дар Канберра сарвазири Австралия Ҷон Ҳовард гуфт:

"Ман Рамсфелдро дӯст доштам. Ӯ вазири мудофиаи зидду нақиз буд. Мардуми зиёде қарори ӯ дар бораи барҳам додани артиши Ироқ дар паи ишғоли Бағдодро танқид мекарданд ва ин яке аз қарорҳое мебошад, ки ба ӯ иртибот дода мешавад. Вале он дар гузашта буд ва ба президенти ИМА марбут мешуд"

Дар Кобул Ҷавод Лудин, раиси дастгоҳи президенти Афғонистон гуфт, мо аз истеъфои Рамсфелд маҳзун ҳастем. Ба қавли Лудин мардуми Афғонистон аз кӯмакҳое, ки Рамсфелд ба ин кишвар кардааст, миннатдор мебошанд.
Вале мухолифини Рамсфелд низ ба ҳамин гуна садои баланд собиқ вазири мудофиаи ИМА-ро танқид мекунанд.
Сенатор аз ҳизби ҷумҳурихоҳи президент Буш ва шояд довталаби курсии раёсатҷумҳурии ИМА дар интихоботи соли 2008-ум Ҷон Маккейн бар ин ақидаааст, ки истеъфои Рамсфелд таъхир кард:

"Мо чандин нафар дар муддати тӯлонӣ ба вазири мудофиа Рамсфелд эътимод надоштем. Ман ҳам эътимод надоштам, вале ҳаққи президент дар интихоби дастаро эҳтиром мекардам".

Дар давраи интихоботи миёндавраии Конгресс бурду бохти стратегияи президент Буш дар Ироқ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дошт ва дар ин баҳсҳо доимо номи Рамсфелд шунида мешуд. Раҳбарони ҳизби мухолифи демократ борҳо истеъфои Рамсфелдро дар миён гузошта буданд. Хонум Нансӣ Пелосӣ, ки эҳтимолан дар натиҷаи пирӯзии ҳизби демократ раҳбарии Маҷлиси Намояндагон ё Палатаи поёнии Конгрессро бар дӯш гирад, зарурати истеъфои Рамсфелдро такрор кард. Вай гуфт:

"Аз ҷониби президент ҳам бояд ишорае ба тағйир зоҳир шавад. Беҳтарин ҷои тағйир на фақат барои демократҳову шумори зиёди мардуми Амрико, балки ҳамчунин барои низомиёни ин кишвар тағйири раҳбарияти мулкии Пентагон аст. Ин амал ишора ба кушоиши афкори тару тоза дар масъалаи Ироқ хоҳад буд"

Аммо дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ президенти ИМА даъватҳои барканорсозии Рамсфелдро рад мекард. Рӯзи чоршанбе дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи тағйири мавқеъ Ҷорҷ Буш чунин гуфт:

"Рӯзноманигорон як ҳафта пеш аз ман пурсида буданд, ки оё ман дар мавриди Рамсфелд ва ноиби президент тасмиме хоҳам гирифт. Ва шумо дар ёд доред, посухи ман ин буд, ки онҳо дар ҷояшон боқӣ мемонанд. Сабаби чунин посух ин буд, ки ман намехостам, қарори муҳим дар бораи ин ҷангро ба рӯзҳои охири маъракаи интихоботӣ шомил намоям. Хулоса, ягона интихоби посух барои тақдими суоли дигар ҳамин буд.
Рамсфелд ба ҳайси раҳбари мулкии Пентагон ҳам аз нуқтаи назари сиёсат ва ҳам аз нуқтаи назари тарзи раҳбарӣ ситезаомез унвон гирифтааст".


Тарафдорон ӯро раҳбари қотеъ ва стратег номида, аксуламал ба ҳамлаҳои террористии ёздаҳуми сентябрро қадрдонӣ мекунанд. Онҳо меафзоянд, ки ба шарофати талошҳои Рамсфелд артиш ба ҷанг бо ҷангҷӯёни ғайринизомӣ ва нерӯҳои созишномаавӣ беҳтар муҷаҳҳаз гардид. Вале мунаққидон даствардҳои Рамсфелдро ночиз шумурда, таъкид мекунанд, ки ӯ ба машварати низомиён гӯш намедод. Онҳо мегӯянд, сарфи назар аз пирӯзии босуръат болои Саддом Ҳусайн ва Толибон, то ҳанӯз муқовимати ошӯбгарон дар Ироқу Афғонистон идома дорад.
XS
SM
MD
LG