Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев қонунгузорони мухолифи ҳукуматро бо кӯшиши "ғасби қудрат" ба воситаи қабули Конститутсияи нав муттаҳам кард. Дар ҳоли қабули ин санад президенти Қирғизистон аз баъзе салоҳиятҳояш маҳрум мешавад.
Президенти Қирғизистон изҳороте пахш намуда, мухолифини ҳукуматро ба музокирот даъват кардааст. Ба қавли раисҷумҳури Қирғизистон агар мувофиқат дар мавриди ташкили ҳукумати нави кишвар ҳосил нашавад, ӯ метавонад Парламентро пароканда намояд.
Изҳороти Боқиев баъди кӯшиши тасвиби қонуни асосии нави Қирғизистон аз тарафи вакилони мардумии ин кишвар ба табъ расид.
Тибқи иттилои хабаргузории қирғизии Акипресс аз 71 вакили Парламенти Қирғизистон 39 нафар дар паёме ба пуштибонӣ аз қабули Конститутсияи нав имзо гузоштанд.
Агар сарқонуни нав ба тасвиб расад, салоҳияти таъйини ҳукумати Қирғизистон аз президент ба Парламенти ин кишвар хоҳад гузашт.
Дар ҳамин ҳол панҷ рӯз инҷониб гирдиҳамоии бидуни таваққуфи мухолифини ҳукумати Қирғизистон дар рӯ ба рӯи маҷмаи ҳукуматӣ идома дорад.Эътирозгарон талаб доранд, ки ҳукумат ё қонуни навро қабул кунад ва ё ба истеъфо равад.