Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлоб дар деҳот раъйдиҳандаҳо фаъолтаранд


Дар минтақаи Кӯлоб мардуми деҳот дар муқоиса бо сокинони шаҳр дар интихобот фаъолтар будаанд.


Сайёфи Мизроб, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб мегӯяд, дар чаҳор-панҷ соати аввали интихобот тақрибан 60-70 дар сади раъйдиҳандаҳо дар деҳот бар пояи сандуқҳои раъй рафтаанд. Абдуҷаббор Зардиев, раиси шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтааст, сабаби чунин фаъолии мардуми деҳот дар барвақтхезии одатии онҳост. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, дар муқоиса бо шаҳр дар деҳот дар солҳо чунин чорабиниҳо ба шумор доир мешавад ва аз ин рӯ мардум аз ширкат дар чунин як чорабинӣ ақиб намемонанд.


Ва аммо дар ҳамон чаҳор-панҷ соати аввал бино бар ҳарфи хабарнигори Радиои Озодӣ тақрибан 35 дар сади мардуми шаҳри Кӯлоб дар интихобот ширкат кардааст. Дар минтақаи Кӯлоб 50 қитъаи овоздиҳӣ ташкил шудааст. Теъдоди раъйдиҳандаҳо дар ин минтақа 72.000 нафар будааст. Танҳо дар се-чаҳор рӯзи ахир исми беш аз се ҳазор муҳоҷири корӣ, ки ахиран аз Русия баргаштаанд, дар рӯйхати интихобкунандаҳо ворид шудааст.


Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб мегӯяд, дар қитаъоти раъйдиҳии деҳот тақрибан нозироне аз аҳзоб ба истиснои ҲХДТ дида намешаванд. Дар яке аз қитаъоте, ки хабарнигори Радиои Озодӣ ҳузур доштааст, як мард мехостааст, ки ба ҷои ҳамсараш низ раъй бидиҳад, аммо ӯро нагузоштаанд.
XS
SM
MD
LG