Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши тазоҳурот дар Душанбе


Пасманзари воқеъа

Салом, ба ҳама ҳамватанон,
Бе шак дар ин интихобот ба ғайр аз ҷаноби олӣ касе баранда нест ва ин чанд номзаде, ки номзадии худро гузоштаанд, танҳо барои бардоштани обрӯи ҷаноби олӣ асту халос. Онҳо фақат дар нақши як сенарияи филм бозӣ мекунанд.
Бале, ҷомеаи давлатҳои ҷаҳони севвум ҳеҷ вақт демократӣ нахоҳанд шуд. Инчунин ҷомеаи моро низ ба ягон ваҷҳ наметавон демократӣ ном бурд.
Т. Камолзода,
Амороти Муттаҳидаи Араб


Салом ба озодагони Озодӣ!
Ман фикр мекунам, ин воқеан як ҷасорат буд, ки ба талиғоти чандинсолаи зидди озодии сухан, ки гӯё фақат сабаби ҷанги нав мешавад, хотима гузошт. Дар кишваер ки худро демократй меномад, одамон бояд ҳаққи инро дошта бошанд, ки гиди ҳам оянд ва изҳори назар кунанд. Ин воқеа нишон дод, ки ҳукумати Тоҷикистон диктаторист.
Мӯҳсин Ҷаббориен
-------------------------------------

Дар Тоҷикистон ягон хел сарбардорӣ ва аз бинӣ боло гап заданро касе дӯст намедорад. Ин воқеъа асосан ба обрӯву эътибори Раҳмонов сахт алоқаманди хохад намуд. Ман шахсан рузи ИНТИХОБОТ ба РАҲМОНОВ овоз доданӣ будам, аммо акнун аз ин раъйам боз хоҳам гашт. Ҳукумати Тоҷикистон бояд давоми 24 соат Раҷаби Мирзо - озодандеш ва шахси ягонаи демократики Тоҷикистонро аз маҳбас озод кунад. Дар сурати озодии ӯ ман ба ҷониби РАҲМОНОВ овоз хоҳам дод. Агар на пас на ИНТИХОБОТ ва на дигар!
Бо эҳтиром
Озодандеш
------------------------------------





Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG