Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти демократҳоро пароканда карданд


Тазоҳуроти ҷонибдорони Ҳизби Демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар назди бинои вазорати адлияи Тоҷикистон воқеъ дар хиёбони марказии пойтахти ин кишвар дафъатан аз ҷониби кормандони милисаи шаҳр пароканда карда шуд.


Дар ин ҳамойиш беш аз даҳ нафар аз ҷонибдорони ҲДТ-и Искандаров аз тасмими вазорати адлия дар мавриди шинохти Масъуд Собиров ба ҳайси раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон эътироз намуданд.


Дар дасти ширкатдорон шиорҳое бо мазмуни волоияти қонун буд, аммо афроде, ки либоси мулкӣ дар бар доштанд ва баъдан худро аз Вазорати умури дохила муаррифӣ намуданд, ин шиорҳоро аз дасти тазоҳурогарон гирифтанд ва ҳамоишро пароканда намуданд.


Дар роҳпаймоӣ ҳамчунин тарафдорони Ҳизби Сотсиалисти Назриев ва Ҳизби Сотсиал-Демократҳо ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG