Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 соли Тоҷикистон ва ояндаи он


Дар нишасти Вашингтон аслан ин мавзӯъ мавриди ин баҳс буд, ки баъд аз 15 соли истиқлол ва баъди аз сар гузаронидани ҷанги дохилӣ ҳоло самптгирии равандҳои сиёсии Тоҷикистон аз чи қарор аст, Ва Тоҷикистон аз чи роҳе пешрафти худро таъмин мекунад.

Ҳамроҳхон Зарипов дар ин сӯҳбати мизи гирд гуфт, даҳ соли пеш вай намояндаи Тоҷикистон дар Вена дар Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо буд ва он вақт дар арсаи байнулмиллалӣ роҷеъ ба Тоҷикистон дар бораи ҷурму ҷиноёти ҷангсолорон ва сарнавишти паноҳҷӯёни тоҷик дар хориҷ аз кишвар сӯҳбат мекарданд. Вале ҳоло чи тавр?

"Ман кишварамро дар Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо намояндагӣ мекардам. Дар дастури рӯзи ҳама ҷаласаву мулоқотҳо, ҷурму ҷиноёт, рӯзгори паноҳҷӯён, фишор ба нирӯҳои сиёсӣ, риъоят нашудани оддитарин ҳуқуқи ҳуқуқи башар, мавҷуд набудани матбуоти мустақил ва амсоли он қарор дошт, ҳоло мо дар бораи фаъолияти аҳзоби сиёси дар бораи номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури суҳбат мекунем дар бораи тарҳои фапҳангӣ, омузишӣ, энержӣ ва сармоягузории табодули афкор мекунем."

Оқои Зарипов дар робита бо маъракаи кунунии интихобот чунин изҳори ақида кард:

"Албатта ба сабаби надоштани таҷрубаи тӯлонии таърихӣ дар баргузор кардани интихоботҳо мо баъзе мушкилиҳо рӯбарӯ мешавем. Аммо мо наметавонем интиқодҳои сатҳии баъзе аз мухолифони худро бипазирем, ки маснӯӣ мебошад ва ғаразҳои сиёсӣ дорад, ин бахусус ба ононе дахл дорад, ки ҳеҷ гоҳ ба кишвари мо ё ба минтақа сафар накардаанд ва хулосаҳои худро аз ҳаво мегиранд."

Дар идомаи суханони Ҳамроҳхон Зарипов, сафири Тоҷикистон дар Амрико, дар ин мулоқот Шон Робертс коршиноси Осиёӣ Марказӣ дар Донишгоҳи George Town Амрико чунин гуфт:

"Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба интихоботи раёсати ҷумҳурии ҳафтаи оянда омодагӣ мегирад, андешаи ман ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳоло имкон дорад, алоқамандиву тамоюли ҳар чӣ бештари худро барои пайвастан ба ҷомеъаи байналмиллалӣ нишон диҳад."

Нотиқон хотирнишон сохтаанд, ки Тоҷикистон бо истифода аз ин фурсати муҳими таърихӣ, яъне интихоботи раёсати ҷумҳурӣ метавонад, дар арсаҳои мухталифи ҳаёти худ ислоҳоти муҳим анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG