Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «ХИМА» ва шикасти тими ҷавонони Тоҷикистон


Дастаи футболи «ХИМА»-и Душанбе барандаи мусобиқоти ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаи Қонуни асосии Тоҷикистон гардид.

Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи СSКА-и Душанбе баргузор шуд, тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо натиҷаи 4 бар 0 шикаст дод. Дар дақиқаи 11-уми бозӣ Сӯҳроб Ҳамидов ҳисобро боз кард. Сипас Шӯҳрат Ҷабборов дар дақиқаҳои 54-ум ва 66-ум ба дарвозаи «Вахш» ду гол зад. Голи чаҳоруми «ХИМА»-ро Шаҳоб Раҷабов дар дақиқаи 73-юм ба самар расонд.

СКА «Помир»-и Душанбе, ки «Регар» ТадАЗ-и Турсунзодаро бо натиҷаи 3 бар 1 мағлуб сохт, мақоми севвумро касб кард. Голҳоро аз тими ғолиб Обид Исмоилов дар дақиқаи 3-юм, Юсуф Мирзораҳимов дар дақиқаи 8-ум ва Ҷалол Маҷидов дар дақиқаи 25-ум ба ҳадаф расонданд. Як голро аз тими «Регар» ТадАЗ Аббос Абдуллоев дар дақиқаи 29-ум вориди дарвозаи ҳарифон кард.

Ва боз як хабар барои мухлисони футбол. Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар севвумин дидори худ дар бозиҳои қаҳрамонии ҷавонони Осиё дар Ҳиндустон дар гурӯҳи «С» аз тими Куриёи Шимолӣ бо натиҷаи 0 бар 1 шикаст хӯрд.

Голро Пак Чол Мин дар дақиқаи дуввуми замони изофӣ ба самар расонд. Дар бозии дигари даври охирини ин гурӯҳ тими Ирон бар дастаи Ҷопон бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуд.
Мавқеъи дастаҳо дар гурӯҳи «С»
Б Ғ М Б Т И
Куриёи Шимолӣ 3 2 0 1 6-2 6
Ҷопон 3 2 0 1 7-2 6

Ирон 3 2 0 1 5-7 6
Тоҷикистон 3 0 0 3 1-8 0

Ҷопон ва Куриёи Шимолӣ ба марҳалаи дуввум роҳ ёфтанд.

Ҳамчунин ду бозии даври охирин дар гурӯҳи «А» баргузор шуд: Куриёи Ҷанубӣ - Ҳиндустон - 3 : 0, Урдун - Қирғизистон - 0 : 0.
Мавқеъи дастаҳо дар гурӯҳи «А»
Б Ғ М Б Т И
Куриёи Ҷанубӣ 3 3 0 0 13-0 9
Урдун 3 1 1 1 3-5 4

Қирғизистон 3 0 2 1 1-8 2
Ҳиндустон 3 0 1 2 3-7 1

Куриёи Ҷанубӣ ва Урдун ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Мавқеъи дастаҳо дар гурӯҳи «В»
Б Ғ М Б Т И
Чин 2 2 0 0 3-1 6
Австралия 2 1 0 1 3-2 3

Тайланд 2 1 0 1 3-4 3
Иморот 2 0 0 2 2-4 0

Мавқеъи дастаҳо дар гурӯҳи «D»
Б Ғ М Б Т И
Ироқ 2 1 1 0 5-3 4
Арабистон 2 1 1 0 4-2 4

Вйетнам 2 1 0 1 3-4 3
Малайзиё 2 0 0 2 1-4 0

Даври охирин дар гурӯҳҳои «В» ва «D» рӯзи ҷумъаи 3 ноябр барпо мешавад: Чин - Тайланд , Австралия - Имороти Муттаҳидаи Араб, Ироқ - Малайзиё, Арабистони Саъудӣ - Вйетнам.
Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳалаи чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ бо ширкати 8 даста рӯзи 6 ноябр баргузор мешаванд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 9 ноябр доир хоҳанд шуд. Бозӣ барои ҷойи саввум ва бозии ниҳоӣ 12 ноябр барпо мегарданд.
Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Осиё - 2006 чаҳор дастаи беҳтарин ба қисмати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футболи ҷавонон, ки аз 30 июн то 22 июли соли 2007 дар Конодо баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG