Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоӣ дар Бишкек


Искандар Алиев Имрӯз ҳазорҳо ҷонибдори оппозитсиони Қирғизистон аз як тараф ва ҳазорҳо пуштибони ҳукумат дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шуданд. Мухолифин аз президенти ин кишвар Қурмонбек Боқиев талаб доранд, ки ӯ ё тағйири конститутсияву ислоҳотро амалӣ намояд ва ё ба истеъфо равад.

Тарафдорони раёсатҷумҳурии Курмонбек Боқиев мегӯянд, ки президент бояд дар курсие, ки ӯ соли 2005-ум дар паи эътирозҳои мардумӣ ба даст овардааст, боқӣ бимонад.
Хабаргузориҳо навиштаанд, ки нисфирӯзии панҷшанбе дар майдони Алатоо тахминан 15 ҳазор мухолифини ҳукумат ҷамъ омада ва гурӯҳҳои хурд ба онҳо ҳамроҳ мешуданд.
Тибқи хабаҳро, гирдиҳамоии тарафдорони ҳукумат ба маротиб хурдтар аст.
Дар байни ду гурӯҳ нируҳои полис қарор доранд.
Соати дуи баъд аз зуҳр аснои кушоиши гирдиҳамоӣ тарафдорони ҷумбиши "Барои Ислоҳот"-и Омурбек Текебоев тақозои истеъфои президенти Қирғизистонро дар миён гузоштанд.
Баҳори соли 2005-ум эътирозҳои мардумӣ президенти онвақта Аскар Оқоевро барканор намуда, Қурмонбек Боқиевро сари қудрат оварда буд. Сипас моҳи июли ҳамон сол дар интихоботи президентӣ Боқиев пирӯз шуда, ваъда дода буд, ки қонуни асосии нав қабул хоҳад кард.
Дар паём ба гирдомадагон собиқ раиси Парламенти Қирғизистон Омурбек Текебоев гуфт, онҳо ҳақ доранд, аз ҳукумат иҷрои ваъдаҳояшро талаб кунанд.

"Имрӯз рӯзи таърихист. Мо омадаем, ки ба ҳукумат ваъдаҳояшро хотирнишон кунем ва тақозо намоем, ки он иҷро шавад. Агар мо онҳоро зери фишори асабонӣ, ахлоқӣ ва сиёсӣ қарор надиҳем, онҳо ҳеҷ гоҳ ваъдаҳоро иҷро намекунанд."

Роза Отунбоева, ҳамраиси ҳизби "Асаба", ки баъди сари қудрат омадани Боқиев замони кӯтоҳе раҳбарии вазорати умури хориҷии Қирғизистонро бар ӯҳда дошт, бо лаҳни шадид аз ҳукумат интиқод намуд. Дар рӯ ба рӯи бинои ҳукумати Қирғизистон, ки он Қасри Сафед ном дорад, Отунбоева гуфт:

" Камтар аз ду сол пеш мо дар ин ҷо истода будем ва фирк мекардем, ки худамонро аз дуздон пок кардем. Вале боз дуздон бинои ҳукумати Қирғизистонро ишғол намудаанд."

Вале субҳи панҷшанбе президенти Қирғизистон аснои мулоқот бо вакилони Парламент изҳор намуд, ки ибтидои ҳафтаи оянда лоиҳаи санад ба баррасии қонунгузорон матраҳ мешавад:

" Ман савганд мехӯрам, ки шашуми ноябр шахсан бо дасти худам лоиҳаи қонуни навро пешниҳод мекунад. Илтимос онро дар давоми даҳ рӯз баҳс намуда, канор нагузоред, зеро агар Парламент онро қабул накунад, ман чӣ карда метавонам? Ман назархоҳӣ умумӣ даъват мекунам."

Қаблан Боқиев таҳдид мекард, ки агар қонунгузорон пешниҳодҳои ӯро қабул накунанд, ӯ шояд парламентро пароканда намояд.
Дар давоми рӯзи панҷшанбе гирдиҳамоӣ ба оромӣ гузашт. Мухолифин аз тарафдоронашон хостаанд, ки то замони иҷрои тақозоҳояшон аз майдон берун навашанд. Ҳомиёни ҳуқуқ тартибот мегӯянд, гирдиҳамоие, ки Аскар Оқоевро барканор намуда буд, аз ҷамъомади эътирозии рӯзи панҷшанбе кӯчактар буд.
XS
SM
MD
LG