Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони тоҷик: "Суратҳои номзадҳоро дидему худашонро не"


Чун дигар аз шаҳрвандон сарбозони тоҷик низ ҳаққи раъйдиҳӣ доранд ва метавонанд, дар ин ҳодисаи муҳими сиёсӣ ба тарафдории номзади дилхоҳашон раъй диҳанд. То баргузории интихобот, ки чанд рӯзи дигар мондааст ва воҳидҳои низомии Тоҷикистон чӣ гуна ба ин корзори сиёсӣ омодагӣ мегиранд ва сарбозон оид ба ин чорабинӣ чӣ иттилое доранд?

Ба гуфтаи генерал-майор Саидамир Розиқов, сардори раёсати корҳои тарбиявии Вазорати дифоъ, дар воҳидҳои низомии Тоҷикистон 36 қитъаи интихоботӣ ташкил шудааст ва тибқи фармони вазири дифоъ бо мақсади шаффофу одилона баргузор шудани интихобот дар он воҳидҳо кумиссиюне махсус таъсис ёфтааст, ки ҷараёни интихоботро назорат хоҳад кард. Генерал Розиқов мегӯяд, барои сарбозон, ки дар дохили воҳидҳои низомӣ раъй медиҳанд, ҳама шароит фароҳам оварда шудааст.

«Ҳар як участкаҳои интихоботӣ, ҳар як қисми ҳарбӣ бо ҳуҷҷату дастуарамалҳои зарурӣ, қонун дар бораи гузаронидани интихобот, суолу ҷавобҳо ва ҳамаи шиору плакатҳое, ки ба меъёри талаботи имрӯза ҷавобгӯ аст таъмин карда шудааст. Ва ҳар як сарбози қувваҳои муссалаҳ имрӯз медонад, ки 6-уми ноябр дар баробари қайд кардани иди сарқонун, рӯзи интихобот аст. »

Аксари сарбозон дар ҳаёти худ барои аввалин бор дар интихоботи президентӣ ширкат мекунанд ва бинобар ин ба гуфтаи генерал Розиқов дар ҳама воҳидҳои низомӣ маъракаҳои тарғиботӣ доир шуд. Аз як қитъаи интихоботии яке аз воҳидҳои низомӣ мо дидан кардем, ки дар он қуттии раъйдиҳӣ гузошта ва дар тамоми гӯшаву канораш аксу барномаҳои номзадҳоро овехта буданд.

Худи сарбозон мегӯянд, ба ҷуз аз маълумотномаҳои овехташуда дар бораи номзадҳо иттилои бештар надоранд. Номзадҳо низ бо онҳо мулоқоти вижа надоштаанд.

«Фақат сурату барномаҳошон ҳасту бо худашон вохӯрӣ ва сӯҳбат надоштем.»

Аз сарбозони мусоҳибам пурсидам, ки вазъи воҳидҳои низомиашон чӣ гуна аст ва онҳо, аз раиси ҷумҳури оянда чӣ умедҳое доранд. Дар ҳоле ки як намояндаи Вазорати дифоъ назди ин сарбозон меистод, онҳо чунин посух доданд:

"Сарбозоне, ки нав даъват мешаванд ба хоҳиши худ биёянд хизмат кунанд. Хизмат хуб аст, нағз аст, шароит ҳама сад фоиз аст.»
"Кадоме, ки президент шавад Тоҷикистони моро нигоҳу бин кунад, пешрафти зиёд дошта бошад ."
"Мо орзу дорем, ки ба қувваҳои мусаллаҳ ҷавонон биёянд мисли мо бо сари баланд ба ватан-модар хизмат кунанд."
"Аз президенти оянда умед дорем, ки мисли имрӯз, ки Тоҷикистон ободу зебо шудааст боз ҳам ободтар шавад, аз дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳам беҳтар гардад."
"Касе, ки президент мешавад аз ҳама ҷиҳат ба мо сарбозон кӯмак расонад, дар хурду хӯрок, сару либос ҳоло ҳам мо шароити хуб дорем, аммо боз ҳам беҳтар мебуд, хуб мешуд."
XS
SM
MD
LG