Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи пули нав дар Бадахшон


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва пешвои исмоилиҳои ҷаҳон Шоҳзода Оғохони чаҳорум имрӯз як пуле бар фарози рӯдхонаи Панҷро, ки Афғонистону Тоҷикистонро аз ҳам ҷудо мекунад, ифтитоф карданд.


Расми ифтитоҳи пул дар ноҳияи Ишкошим дар Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ дар шарқи Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Хоруғ, ин саввуми пул ба фарози рӯдхонаи Панҷ аст, ки бо кӯмаки молии Бунёди Оғохон бунёд шудааст.


Баъд аз ифтитоҳи пул, Эмомалӣ Раҳмонов ва Шоҳзода Оғохон дар расми ифтитоҳи бинои нави бемориҳои қалб дар шаҳри Хоруғ ширкат кардаанд. Баъд аз ин дар қароргоҳи ҳукумати вилояти Бадахшон, бо ширкати раиси ҷумҳур, мақомоти давлатӣ, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва хабарнигорон як ҷаласа баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG