Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шашуми ноябр - интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон (Аксҳо)


ки ҳаққи райъ доранд Се миллиону чаҳорсадҳазор шаҳрванди Тоҷикистон

Овезаҳо дар Тоҷикистон шаҳрвандони ин кишварро ба ширкати фаъолона дар интихоботи рӯзи шашуми ноябр даъват доранд. Шашуми ноябр Тоҷикистон раиси ҷумҳури нав интихоб мекунад. Барои ин маснад панҷ номзад талош доранд.


Дар шаҳри Душанбе - пойтахти ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳор ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст. Бино бар маълумоти Кумиссиюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, дар саросари кишвар 68 ҳавза ва 3.200 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст.




Се миллиону чаҳорсадҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳаққи райъ доранд, аз миёни панҷ номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ якеро барии ҳафт соли дигар ба маснади президент интихоб мекунанд.

Аллакай, дар баъзе маҳаллот мардуми соҳиби ҳаққи раъйро расман ба раъйдиҳӣ хабар доранд.


Шурӯъи маъракаи таблиғотӣ дар Тоҷикистон
XS
SM
MD
LG