Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Оғохон бо Эмомалӣ Раҳмонов


Шоҳзода Карим Оғохони чаҳор - раҳбари ҷамоъаи мусалмонони фирқаи исмоилия рӯзи якшанбе (29 октябр ) дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом додааст. Ин мулоқот дар чаҳорчӯби як сафари расмии Шоҳзода Карим Оғохони чаҳор ба Тоҷикистон сурат гирифт. Сафари Шоҳзода Карим Оғохон ба Тоҷикистон якшанбеи 29 октябр оғоз ёфт ва қарор аст он чаҳор рӯз идома ёбад. Дафтари матбуъоти президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки зимни мулоқоти раиси ҷумҳурии ин кишвар ва раҳбари фирқаи мусалмонони исмоилияи ҷаҳон масоили мухталифи марбут ба ҳамкориҳои Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ва чи гунагии иҷрои барномаҳои бунёди мазкур дар ин кишвар баррасӣ шудааст.
Бино ба иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар назар аст 30 - октябр Шоҳзода Карим Оғохони чаҳор дар маросими оғози бунёди меҳмонхонаи «Serena» дар шаҳри Душанбе ширкат варзад ва ҳамзамон бо раванди сохтмони Маркази Исмоилия дар пойтахти Тоҷикистон ошно гардад. Сохтмони меҳмонхонаи муосири "Serena" қарор буд соли гузашта оғоз ёбад. Аммо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон он замон бо интиқод аз тарҳи пешниҳод шуда онро барои шаҳри Душанбе номувофиқ арзёбӣ кард ва гуфт Бунёди Оғохон барои сохтмони меҳмонхонаи мазкур бояд на 25 миллион доллари амрикоӣ, балки ба маротиб бештар маблағ ҷудо намояд.
XS
SM
MD
LG