Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоиза барои раҳбарони мустаъфӣ


Ҷоиза бо ҳадафи мубориза бар зидди фасод ва беҳтар сохтани сифати раҳбарӣ таъсис ёфтааст

Раҳбарони кишварҳои африқоӣ дар сурати пешвои беҳтарин шинохта шуданашон ҷоизае ба маблағи панҷ миллион доллар мегиранд.

Ин ҷоизаро барои пешвоёни мустаъфии кишварҳои африқоӣ Мо Иброҳим, як соҳибкори маъруфи ин қора, ки тиҷораташ умдатан дар соҳаи расонаҳои фаннии хабарист, таъсис додааст. Ӯ гуфтааст, ҷоиза дар давоми даҳ соли баъд аз анҷоми мӯҳлати ваколати раҳбарӣ дода мешавад. Бар илова, барандаи ҷоиза то охири умр ҳар сол 200.000 доллар мегирифтааст.

Муассиси ҷоиза гуфтааст, ҳадаф аз ин амалаш мубориза бар зидди фасод ва беҳтар сохтани сифати раҳбарӣ мебошад.

Барандаи ҷоизаро коршиносони Донишгоҳи Ҳарвард муайян мекардаанд. Ҷоиза барои раҳбаре пешбинӣ шудааст, ки бо анҷоми мӯҳлати ваколаташ бо роҳи демократӣ аз сари қудрат дур бишавад.

Собиқ раҳбарони Амрико ва Африқои Ҷанубӣ: Билл Клинтон ва Нелсон Мандела ба оқои Иброҳим муваффақият орзу кардаанд. Ҷоизаи таъсисдодаи Мо Иброҳим аз лиҳози маблағ назир надорад. Барои қиёс, барандагони ҷоизаи Нобел 1,3 миллион доллар мегиранд.
XS
SM
MD
LG