Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунгоҳи Байналмилалии Дороӣ шароити Тоҷикистонро мусоъид намедонад


IFC - Бунгоҳи Байналмилалии Дороӣ, аз аъзои гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, вазъияти Тоҷикистонро аз лиҳози рушди тиҷорат ва бахши хусусӣ мушкилзо тавсиф кардааст.


Дар гузориши солонаи ин ниҳоди молии бонуфузи байналмилалӣ, ки ахиран ба нашр расид, Тоҷикистон дар фазои Шӯравии пешин ва миёни 28 кишвари Урупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна дуввумин кишварест, ки дар ин замина поинтарин натоиҷро ҳифз кардааст.


Дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон бо ишора ба гузориши солонаи IFC иттилоъ додааст, ки сарфи назар аз пешравиҳои нисбӣ шароит барои пешбурди тиҷорати хурду миёна дар ин кишвар мурракаб ва номатлуб боқӣ мондааст. Ҳамин манбаъ дар тақвияти матлаби мазкур таъкид кард, ки дар Тоҷикистон, алорағми иқдомоти мушаххас дар заминаи фазосозӣ ба манзури рушди бахши хусусӣ, роҳандозии тиҷорати хурду миёна ва дарёфти эътибороти молӣ аз сӯи бонкҳо печидагиҳои фаровонеро ба ҳамроҳ дорад.
XS
SM
MD
LG