Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: Ихтилофи демократҳо амиқтар мешавад


Ҷумъабой Ниёзов - раиси бахши Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Суғд мегӯяд, аъзои ин ҳизб бо пахши як баёнияи расмӣ шинохти Ҳизби демократи Собировро иштибоҳи Вазорати адлия дар давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хонда, эълон доштанд, касе аз онҳо ин ҳизбро эътироф нахоҳад кард, чӣ ҷои пайвастан ба он. Ва аммо Даврон Каримов, як узви собиқадори Ҳизби демократ дар Хуҷанд, ки дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худро муовини раиси Ҳизби демократи Собиров муаррифӣ кард, изҳор намуд, теъдоди ҷонибдорони онҳо дар устон бештар аст:

Дар вилояти Суғд тарафдорони Ҳизби демократии Масъуд Собиров зиёданд. Агар зиёд намебуданд, мо наметавонистем барои пешбарии номзади ин ҳизб ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар муддати панҷ рӯз дар ин минтақа панҷоҳ ҳазор имзо ҷамъ оварем. Зиёда аз 100 нафар ҳастанд дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳар ноҳия 10 – 15 нафарӣ.

Оқои Каримов афзуд, мақомоти маҳаллӣ дар ҷамъ овардани имзо ба ҳизби демократи Собиров кӯмак накардаанд ва аммо касе аз онҳо монеъа низ эҷод накардааст.
Вале Абдуҷаббор Юлдошев - муовини раиси Ҳизби демократи Искандаров дар вилояти Суғд гирд овардани имзо аз сӯи аъзои Ҳизби демократии Собировро ғайриимкон мешуморад:

Ҷонибдорони Собиров, ки аз тарафи Вазорати Адлия сарвари Ҳизби демократ шинохта шудааст, дар вилояти Суғд хеле кам мебошанд. Ба фикри ман, агар ҳама аъзои Ҳизби демократ якҷо ҳам мебудем, дар чунин муддати кӯтоҳ ин миқдор имзо ҷамъ оварда наметавонистем. Ҷамъ овардани 50 ҳазор имзо кори осоне нест. Лекин аз ноҳияҳо ба мо аьзои ҳизб занг зада гуфтанд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ даъват кардаанд, ки марҳамат, биёед, озодона барои номзади ҳизбатон имзо ҷамъ кунед. Лекин аъзои ҳизби Искандаров инро рад кардаанд. Мумкин аст ба ҳизби демократи Собиров дар ҷамъ овардани имзо гурӯҳҳои махсус ва ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯмак кардааст.

Ҳизби демократи Собиров ҷонибдорони худ дар вилояти Суғдро ба ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ даъват кард ва аммо Ҳизби демократи Искандаров аъзои худро бори дигар ҳушдор дод аз иштирок дар интихоботе, ки анҷумани ҳизб онро таҳрим кардааст, канора ҷӯянд.
XS
SM
MD
LG