Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳияи тарҳи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2007


Вазорати дороии Тоҷикистон тарҳи буҷаи давлаи кишварро барои солҳои 2007- 2008 таҳия ва онро барои омӯзиш ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Ба иттилоъи Сафаралӣ Наҷмиддинов вазири дороии Тоҷикистон тарҳи буҷаи соли 2007-2008 баъд аз омӯзиш дар сатҳи ҳукумат барои баррасӣ ва таъйид ба порлумони кишвар пешниҳод мегардад. Оқои Наҷмиддинов аз тарҳи буҷаи давлати Тоҷикистон барои соли 2007 ба унвони буҷаи рушду тараққиёт ном бурд, вале ҳамзамон таъкид кард, ки ҷанбаи иҷтимоъии он ҳифз хоҳад шуд. Мувофиқи тарҳи пешниҳод шуда қисмати даромади буҷаи давлати Тоҷикистон барои соли 2007-2008 3,2 миллиард сомонӣ ( 944 миллион доллари амрикоӣ) ва бахши хароҷоти он 3,3 миллиард сомонӣ ( 973 миллион доллари амрикоӣ) дар назар гирифта шудааст. Мувофиқи тарҳи буҷаи соли 2007 барои бахши маориф 506 миллион сомонӣ, барои бахши энержӣ 572 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG