Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт сарбози амрикоӣ муҳокима мешаванд


Низомиёни Амрико эълом карданд, ки ҳашт сарбози ин кишвар дар додгоҳи низомӣ муҳокима хоҳанд шуд, ки чаҳор нафари онҳоро ба таҷовуз ба номуси як духтари ироқӣ ва қатли хонаводаи ӯ дар шаҳри Маҳмудия муттаҳам мекунанд.


Дигар ин ки рӯзи чаҳоршанбе низомиёни Иёлоти Муттаҳида гуфтанд, аз рӯзи сешанбе ба ин тараф 11 сарбози ин кишвар дар Ироқ кушта шудаанд ва бо ин теъдоди сарбозони талафдодаи Амрико дар моҳи октябр ба 69 нафар расид.
XS
SM
MD
LG