Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин гузориши САҲА дар бораи корзори интихоботӣ


Дар гузориши нахустини миёндавраии нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо доир ба корзори интихоботи раёсати ҷумҳур дар Тоҷикистон, гуфта мешавад, агарчӣ шумораи маҳдуди номзадҳо ба ин мақом боиси нигаронист, аммо ҳанӯз ҳам корзори интихоботӣ метавонад, ба раъйдиҳандагон имкони интихобро фароҳам оварад.


Дар гузориш, ки Кумиссиёни Марказии Интихобот онро ғайривоқеъӣ арзёбӣ кард, ҳамчунин гуфта мешавад, баъзе муқаррароти қонуни интихоботи раиси ҷумҳур ба Санади Копенҳаген, ки Тоҷикистон онро эътироф кардааст, мувофиқ нестанд ва қонун ба ислоҳи зиёд ниёз дорад.


Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтаанд, Кумиссиёни Марказии Интихобот бо андешидани тадобири мусбат чанд қароре дар робита ба интихоботи раёсати ҷумҳур қабул кард, вале ин қарорҳо норавшаниҳои зиёд доранд.


Нозирон гуфтаанд, иҷрои ин санадҳоро назорат хоҳанд кард, то бубинанд, ки онҳо ба ҷараёни баргузории интихобот чӣ таъсире мегузоранд. Дар гузориш ҳамчунин шикоёти аҳзоби сиёсӣ аз қонуни интихобот ва таҳрими ин корзори сиёсӣ аз ҷониби ду Ҳизби Демократ ва Сотсиал Демократи Тоҷикистон ёдоварӣ шудааст.


Дар робита ба фаъолияти матбуот нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтаанд, тавре дар гузориши пештараи созмон зикр шуда буд, "матбуот дар Тоҷикистонро ҳукумат таҳти назорат гирифтааст. Лағви иҷозномаҳо, бастани нашрияҳо василаест барои худсонсурӣ ва арзи вуҷуд накардани матбуоти интиқодгар."


Нозирони байналмилалӣ ҳамчунин кӯтоҳ кардани мӯҳлат барои сабти номи нозиронро, ки 20 рӯз муқаррар шудааст, бемаврид хондаанд. Дар идома нозирон гуфтаанд, ба хотири таҳқиқи вазъи пешазинтихоботӣ бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аҳзоби мухталиф ва коршиносон сӯҳбат кардаанд вале вазорати умури хориҷаи ва Кумиссиёни Марказии Интихобот танҳо пас аз чанд дархости расмӣ ва шифоҳӣ бо ин нозирон мулоқот кардаанд. Ин гузориш ба тозагӣ дар сафҳаи интернетии Дафтари Ниҳодҳои Демукротик ва Ҳуқуқи Башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (ODIHR) нашр шудааст.
XS
SM
MD
LG