Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ дар Бадахшон 'муваққатан таътил шуд'


Мурод Мирасанов - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) дар Бадахшон эълон дошт, ки онҳо муваққатан фаъолияти ҳизбро дар минтақа мутаваққиф мекунанд. Бино ба гуфтаи раиси бахши вилоятии ҲДТ, чунин тасмим дар заминаи бурузи ихтилофи дохилиҳизбӣ ва таъсиси ду ҷиноҳи ҳизб, ки дар интихобот дидгоҳи ба ҳам мухолиф доранд, гирифта шудааст.


Оқои Мирасанов афзуд, ки онҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонов пуштибонӣ мекунанд:


"Мо дар интихобот мавқеъи Ҳизби Халқи Демократро ҷонибдорӣ мекунем, аммо муваққатан фаъолияти ҳизбро қатъ менамоем."


Намояндагони Ҳизби Демократ ба ҳайъати кумисиюнҳои ҳавзаии интихобот шомил нашудаанд. Раиси бахши вилоятии ҳизб гуфт, ки онҳо дар оянда тасмим хоҳанд гирифт, ки дар кадом як аз ҷиноҳҳо фаъолияташонро идома диҳанд.


Аммо Одина Парпишоев - раҳбари Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа бо изҳори мухолифат бо мавзеъгирии раиси бахши вилоятии ҲДТ онро ифодаи манфиати шахсии як нафар арзёбӣ кард. Вай гуфт:


"Мо дар Бадахшон Ҳизби Демократи Тоҷикистонро бо номи Искандаров мешиносем ва таъсиси ҷиноҳи дигари ҳизб бо номи "демократ"-ро дар минтақа ғайриқонунӣ мешуморем."


Оқои Парпишоев афзуд, қаблан низ кӯшишҳои таъсиси ҷиноҳҳои ҷадид дар дохили аҳзоби мухолиф, ки, ба гуфтаи вай, аз ҷониби ҳукумат рохандозӣ шуда буд, дар минтака дастгири наёфтааст.


Дар ҳамин ҳол, раиси бахши шаҳрии Ҳизби Демократ Ҳукуматшо Ҳукуматшоев гуфт, ки вай ба хотири ихтилофоти дарунҳизбӣ суфуфи ҳизбро тарк хохад кард.


Садорати вилоятии Ҳизби Демократ теъдоди аъзояш дар Бадахшонро ҳудуди 400 нафар унвон мекунад. Аммо руасои аҳзоби сосиал - демократ ва халқи демократ мегӯянд, ки таи солҳои ахир бино бар вазъияти буҳронӣ дар Ҳизби Демократи минтақа шумори зиёде аз демократҳо ба ин аҳзоб пайвастаанд.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG