Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суду зиёни рӯза


Рӯза аз тулӯъи офтоб то ғуруб идома мекунад. Дар ин муддат шахси рӯзадор аз тановули ғизо, нӯшидани об, тамокукашӣ, равобити ҷинсӣ ва ғайра даст мекашад.

Аз он сабаб ки соли қамарӣ аз соли шамсӣ ё хуршедӣ тахминан 11 рӯз кӯтоҳ аст, вақти рӯза ҳам ҳар сол 11 рӯз пеш меравад, яъне соли оянда эҳтимолан рамазон дар таърихи 11-12 сентябр оғоз ёбад.

Рамазон моҳи нуҳуми тақвими қамарии мусулмонӣ буда, дар ин моҳ барои ҳар як мусулмон рӯзагирӣ ва ё савм фарз мебошад.

Саидмукаррам - муовини раиси Донишгоҳи Исломии Тирмизӣ мегӯяд: Рӯзагирӣ бояд саломативу ахлоқи инсонро беҳбуд бахшад.

Аммо худи табибон дар бораи рӯза чӣ мегӯянд? Дар ин бора дар барнома назари номзади илми тиб Манзура Мирсаидоваро дорем, ки бо фишор додан рӯи нишони баландгӯ дар канори унвони барнома метавонед ҳамаи онро бишнавед.

Дар даврони Шӯравӣ давлат мухолифи рӯзадорӣ буду ин амалро ҳам аз нуқтаи назари тиббӣ ва ҳам аз нуқтаи назари мухолифат бо хурофот манъ мекард.

Шояд бисёре аз хонандагону шунавандагони мо шоҳиди маъракаҳои мубориза бо рӯза шуда бошанд. Вақте муаллимон бо дастур аз боло ба донишомӯзон иҷборан об медоданд.

Ҳоло ҳукумат ба рӯзагирии мардум коре надорад. Ҳамсуҳбати мо Марям Давлатова, ки аз рӯи касб рӯзноманигор асту феълан раёсати як созмони ғайридавлатиро ба дӯш дорад, бо машварати табибон аз гирифтани рӯза худдорӣ кардааст.

Дар аксари кишварҳои исломӣ дар давоми моҳи рамазон рӯзи корӣ кӯтоҳтар аст ва раҳбарон саъй мекунанд ходимони рӯзадорро барвақттар озод кунанд.

Гирифтани рӯза барои мардуме, ки рӯзи дароз кор мекунанд, кори осон нест. Дар нашрияи арабизабони "Аш-Шарқ ул-Авсат" карикатураи рӯзноманигореро кашидаанд, ки рӯи мизаш саршор аз таомҳои гуногун асту бесаброна ба ақрабаи соат нигоҳ мекунад. Муаллифон навиштаанд, ки баъзан садои наттоқони рӯзадор дар радиову телевизион чунон ҳузновар аст, ки раҳми кас меояд.

Албатта умедворам, ки садои ман ва ҳамкоронамон дар Озодӣ ҳузновар набошад. Бо фишор додан ба рӯи нишони баландгӯ дар канори унвони ин матлаб худатон дар ин бора қазоват фармоед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG