Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми додситони кул алайҳи кормандони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон


Додситонии кулли Тоҷикистон эълом доштааст дар фурӯшу интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ба хориҷ умдатан на афроди оддӣ, балки кормандони ниҳодҳои қудратии ин кишвар даст доранд.


Ин матлабро Бобоҷон Бобохонов додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти ахири хабарии худ дар шаҳри Душанбе изҳор доштааст.


Оқои Бобохонов бо ишора ба ин мавзӯъ гуфтааст ҳатто бархе аз мақомоти зирабт дар ин кор аз гурӯҳҳои муртабит ба қоқоқи маводи мухаддир ғайри мустақим пуштибонӣ менамоянд. Ва мавориде ҳам ба мушоҳида мерасад, ки ин афрод аз тариқи эъмоли нуфуз дар талоши онанд, ки рӯи таҳқиқоти ниҳодҳои додситонӣ таъсир бигузоранд.


Аммо додситони кулли Тоҷикистон дар ин робита ба афрод ва гурӯҳи муайяне ишора накард ва танҳо гуфт тайи нуҳ моҳи соли равон дар заминаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, додану гирифтани ришват ва суъистифода аз мақоми хидматӣ дар кишвар 83 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG