Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати муҳоҷирони корӣ дар интихобот


Бино ба маълумоти тақрибии Созмони Ҷаҳонии Кор ҳоло ҳудуди як милён нафар муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ба сар мебаранд. Олга Богданова -масъули равобит бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар Созмони Ҷаҳонии кор мегуяд:


"Бино ба баъзе маълумот ҳудуди як милён нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвари худ кор мекунанд. Аксари мутлақи онҳо дар қаламрави Федеросиюни Руссия мебошанд".
Бо назардошти шумораи зиёди муҳоҷирини кории тоҷик дар Руссия ин кишвар дар маркази таваҷҷуҳи Кумисюни марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон қарор хоҳад дошт. Алишер Сафаров-корманди дафтари матбуъотии ин кумисюн дар ин бора чунин мегуяд:

"Дар Руссия дар шаҳри Маскав ва нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳрҳои калонтарини Руссия дар Санкт-Петербург, Самара, Новосибирск, Кемерова, Волгоград, Перм, Екатеринбург ташкил шудаанд".


Сафорати Тоҷикистон дар Руссия низ ҷаласае баргузор ва аз ҳисоби раҳбарони созмонҳо, ҷамъиятҳо ё марказҳои тоҷикони муҳоҷир дар шаҳрҳои мухталифи Руссия кумисюнҳои интихоботӣ ташкил кардааст. Муҳаммадалӣ Ҷалилов-мусъули умури муҳоҷирати сафорат дар ин бора ба радиои Озодӣ чунин гуфт:


"Худи сафир дар бораи таъсис додани ҳавзаи интихоботӣ ҷаласа гузаронд. Комиссияи интихоботӣ ташкил шуд, иборат аз 21 нафар. Аъзои комиссия ба ноҳияҳо тақсим шуданд. Дар вилояти Оренбург, вилояти Самара, кишвари Перм, Красноярск, Тюмен, Иркутск, яъне дар ҳамон ҷойҳое, ки бештар тоҷикон ҷамъ шудаанд. Бевосита худи кормандони сафорат ва намояндагиҳои вазоратҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамин ҷо ҳастанд, вобаста шудаанд ва ҳамонҳо мегузаронанд".


Фаррух Мирзоев-раиси ҷамъияти Сомониён дар Екатеринбург аз ҷумлаи аъзои чунин кумисюнҳост. Вай мегуяд, аз суи сафорат муваззаф шудааст, ки шароити ширкати муҳоҷирини кории тоҷик ва соири шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботро дар маркази худ фароҳам орад:


"Намояндаи сафорат занг зада буданд, гуфтанд, ки манро узви кумисюни интихоботӣ интихоб кардагианд, ҳоло дигар ҳеҷ чиз хабар надорам".


Ба гуфтаи Фаррух Мирзоев, дар вилояти Свердлов ҳудуди сад ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ба сар мебаранд ва имкон дорад танҳо ду-се ҳазор нафар аз онҳо дар райдиҳӣ ширкат кунанд:


"Дар Екатеринбург ба ҳисоби ман зиёда аз сад ҳазор, ба ҳисоби ҳукумати Тоҷикистон 28 ҳазор ва ба ҳисоби ҳукумати вилояти Свердлов 43 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Тақрибан ду ҳазор-се ҳазор шояд, ки дар овоздиҳӣ ширкат кунанд. Бисёри мардум дар атрофи шаҳр ҳастанд, дар сохтмон кор мекунанд ва дар овоздиҳӣ фақат дар даруни бозорҳои калон мардумро ҷалб кардан мумкин аст ва халос".


Шаҳри Перм яке дигар аз марказҳои райдиҳии муҳоҷирони кории тоҷик дар Руссия хоҳад буд. Раҳматуллоҳ Мазориев-раиси ҷамъияти тоҷикони Перм низ узви кумисюни интихоботӣ баргузида шудааст:


"Бо намояндаи сафорат Сурхов Маҳмад Аҳмадович мо гуфтугуи телефонӣ доштем. Тибқи ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳое, ки ба шаҳри Перм таъаллуқ доранд, дар шаҳри Перм интихобот мегузарад. Дар ин ҷо зиёда аз ҳашт ҳазору 750 нафар шаҳрвандоне, ки дар қайди муваққатии Перм ҳастанд, дар интихобот иштирок мекунанд. Комиссияи интихоботии Перм барои мо ҷои махсус ҷудо кардааст дар ду ноҳия, дар ноҳияи Ленин ва ноҳияи интдустриалии шаҳр".


Шумораи зиёди муҳоҷирони кории тоҷик бо корфармоёни худ қарордод надоранд ва ҳузури онҳо дар Руссия ғайриқонунӣ дониста мешавад. Гузашта аз ин, онҳо дар манотиқи дурафтода хеле пароканда ба сар мебаранд. Фаррух Мирзоев-раиси ҷамъияти Сомониёни Екатеринбург-маркази вилояти Свердловск мегуяд, ба далели иқомати ғайриқонунӣ ширкати муҳоҷирони корӣ дар интихобот ночиз хоҳад буд, зеро онҳо намехоҳанд ҳузури ғайриқонунӣ ё маҳали иқомати дуруғини худро ифшо кунанд:


"Руйхат кардан имкон надорад, чунки бисёре аз мардуми Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Свердлов ғайриқонунӣ ҳастанд. Ба қайд гирифтагӣ нестанд. Ё ба қайд ҳам гирифтагӣ бошанд, дар ҷое, ки ба қайд гирифтагӣ ҳастанд, дар он ҷо зиндагӣ намекунанд".


Дар мавриди номзадҳои сабти ном шудаи мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар суҳбат бо радиои Озодӣ оқои Мирзоев эътироф кард, ки ба унвони узви кумисюни интихоботӣ ба ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳури кунунӣ номзади дигареро намешиносад:


"Номзадҳоро намедонем киҳо ҳастанд. Ман худам шахсан маълумот надорам. Телвизион нигоҳ карда будам, ғайр аз Эмомалӣ Раҳмонов ягон одаме нест, ки уро шиносанд дар ин ҷо. Онҳо ягон фоиз намегиранд, бовар надорам. Ягон каси онҳо ба мардум шинос нест".


Фаррух Мирзоев-раиси ҷамъияти Сомониён як ниҳоди худҷуши тоҷикон дар Екатеринбург-маркази вилояти Свердлдовск аст, ки ба сохторҳои давлатӣ итоъат намекунад. Мирзоев баъид медонад, ки касе аз 5 номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ ё намояндаи ситоди онҳо дар ҷараёни корзори интихоботӣ барои мулоқот бо интихобкунандагон ба ин вилоят ояд. Таври маълум дар ин вилоят шумораи бештари муҳоҷирони кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Муҳаммадалӣ Ҷалилов-масъули умури муҳоҷирати сафорати Тоҷикистон дар Руссия низ таъйид мекунад, ки то ҳамин рузҳо намояндаи ҳеҷ як аз номзадҳо ба Руссия наомадааст ва онҳо бо барномаҳои номзадҳо низ ошно нашудаанд:


"Барномаҳои онҳо то ҳол, бадбахтона, ба мо нарасидааст, ки чӣ барнома доранд ва намояндагонашон ҳам наомадаанд, ки дар байни ҳаводоронашон таблиғу ташвиқ кунанд".


Қазоқистон баъд аз Руссия кишвари дуввум аст, ки мизбонии шумораи зиёди муҳоҷирини кории тоҷикро бар уҳда дорад. Акбаршоҳ Искандаров-сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон дар суҳбате бо мо гуфт, дар Остона ва Алмаато марказҳои райдиҳӣ ифтитоҳ шудааст, вале наметавон гуфт, ки дар ин интихобот чӣ қадр тоҷикон ширкат хоҳанд кард:


"Мо ҳисоби дақеқе, ки гуем ҳамин қадар одам зиндагӣ дорад дар Қазоқистон надорем. Бисёри онҳо характери муваққатӣ доранд, омада мераванд. Ҳоло, ки хунук шуда истодааст, аз ин ҷо баргашта мераванд. Ба ҳисобе, ки мо дорем, қариб 30 ҳазор шаҳрвандон метавонанд дар ин ҷо дар интихобот ширкат кунанд. Лекин бисёр мушкил аст бидонӣ, ки кӣ дар куҷост. Ҳоло комиссия кор карда истодааст. Баъд аз як ҳафта мо шароит пайдо мекунем, бигуем, ки чанд нафар метавонад иштирок кардан".


Бисёре аз муҳоҷирон дар нуқоти дурафтодаи Қазоқистон ба сар мебаранд ва оқои Искандаров дар суҳбат истисно накард, ки мумкин аст чунин афрод аз интихобот дур монанд:


"Мумкин аст бисёре аз тоҷикон аз интихобот дур бимонанд, чунки онҳо аз қайди консулгарӣ нагузаштаанд. Мо намедонем, ки онҳо дар куҷо иқомат доранд. Лекин ман фикр мекунам, ки бештари онҳо шароит пайдо мекунанд ва дар овоздиҳӣ иштирок мекунанд, чунки мо ҳоло дар 9 вилояти калонтарин марказҳои фарҳангӣ ташкил кардем ва бо онҳо семинар гузаронда шуд. Онҳо дар ҳар ҷо, ки бошанд, агар шароит дошта бошанд, кушиш мекунем дар интихобот иштирок кунанд".


Дар Амрико ду қитъаи интихоботӣ боз шудааст. Ҳамкори мо Латифи Латифӣ дар Нию Йорк, ки барои ширкат дар ин интихобот даъватнома гирифтааст, дар бораи шароити ширкати тоҷикони муқими Амрико дар интихобот ба мо чунин гуфт:


"Ду қитъаи интихоботӣ дар қаламрави Амрико боз шудааст, якеаш дар намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Нию Йорк ҷойгир аст ва дигараш дар сафорати Тоҷикистон дар Вошингтон. Аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш карда шудааст, ки ҳамаи ононе, ки дар ин ҷо муқими Амрико ҳастанд ва ё дар сафарҳои хидматӣ қарор доранд, омада дар интихобот ширкат кунанд".


Интихобот дар кишварҳои аврупоӣ Осиёӣ низ бад-ин минвол баргузор мешавад. Фарҳод Салим-котиби якуми сафорати Тоҷикистон дар Бруксел-пойтахти Белжик чунин мегуяд:


"Дар худи Бруссел мо ҳавзаи интихоботӣ мекушоем ва аллакай мо ба он нафароне, ки дар Фаронса ҳастанду дар Белжик, хабар додем аз тариқи Е-мейл, ки рузи 6-ум дар ин ҷо интихобот мешавад ва метавонанд аз субҳ то шом биёянд овози худро диҳанд".


Фарҳод Салим гуфт, қитъаи интихоботии онҳо аз тариқи Е-мейл ба шаҳрвандони худ дар кишварҳои дигари узви қарордоди Шенген низ дархост фиристодааст ва гуфтааст, онҳо метавонанд барои райдиҳӣ ба Белжик оянд.
XS
SM
MD
LG