Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 9 моҳ 15.000 варақаи таҳрирӣ мусодира шудааст


Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, дар пешорӯи интихоботи раиси ҷумҳурии ин кишвар Вазорати умури дохила ҳайъати шахсии худро ба низоми тақвиятшудаи хидмат овардааст. Дар конфронси матбуотии ин ниҳод, ҷаноби ноибвазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, ва аммо маълумоте дар даст надоранд, ки оё дар ин рӯзҳои интихобот ягон гурӯҳе нияти халал ворид кардан ба субот дар Тоҷикистон дорад ва ё на.


Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Қаҳҳоров афзуд, Ҳизби Таҳрир ва Ҳаракати Исломии Узбакистон аз истифодаи нерӯ ва хушунат дар роҳи расидан ба аҳдофи худ даст накашидаанд. Бино бар ҳарфи ӯ, сол ба сол теъдоди аъзо ва маводи чопӣ ва фаннии боздоштшудаи ин созмонҳо меафзудааст.


Дар нӯҳ моҳи соли ҳолӣ дар Тоҷикистон 48 нафар бо гумони узвият дар Ҳизби Таҳрир боздошт шудаанд. Ҳамчунин, беш аз 50 диск, 15.000 варақа, ду ройона (компутар) ва маводи фанниву нашрии зиёди дигаре, ки гуфта мешавад, мутааллиқи ин созмон будааст, дарёфт ва мусодира шудааст.


Дар ин нӯҳ моҳ ҳамчунин 15 узви Ҳаракати Исломии Узбакистон боздошт шуда ва 15 нафари дигари узви ин Ҳаракат дар задухӯрдҳо дар хоки Узбакистон ва Тоҷикистон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG